Достони бориш ва борандагӣ дар шаш гуфтор. Гуфтори панҷум. Жола чист?

Жола қатраҳои борон, ки аз асари сардии ҳаво ба яхча мубаддал мегардад; тагарг, тагарк, дӯл, сангак, ҷола.

Гуфтам: Ба даври лола кашам як пиёлае,

Бо рағми ман бирехт фалак санги жоларо. Ибни Ямин.

 

Маҷозӣ: жолаи наргис – сиришк, ашк, оби чашм. Арақи рӯй. Жоласон – жоламонанд. (Фарҳанги забони тоҷикӣ).

Жола –тагаргро гӯянд ва сабаби он чунон аст, ки  чун бухор ба ҳаво равад ва сармо дар ӯ асар кунад, ғализ шавад ва қатраи борон гардад ва дар маҳалли фуруд омадан сармо таъсир кунад, бифшурад ва ях бандад (Деҳхудо аз “Бурҳони қотеъ”).

Шабнамро низ жола мегӯянд.

Андозаи донаҳои жола аз 5 то 55 мм (баъзан зиёдтар) мешавад. Дар таърихи Тоҷикистон 6 – уми моҳи майи соли 1966 дар ноҳияи Файзобод жолае борид, ки вазни ҳар донааш то ба 790 грамм мерасид. Аммо ин ҳодисаи хеле нодир аст, ҳарчанд дар расмҳои интишоршуда дар  мавзӯъ андозаҳои бузургу кӯчак баробар вомехӯранд. Дар баъзе навиштаҳо ҳамчунин омадааст, ки дар гузашта жолаеро ҳам сабт кардаанд, ки вазни он то ба 1 кило мерасид.

Ҳамчунин аз осмон ба замин борони яхӣ ҳам меборад ва набояд инро бо жола ба иштибоҳ гирифт. Маъмулан жола дар фасли гарми сол, моҳҳои дуюму сеюми баҳор ва аввали  тобистон бештар мерезад. Жола метавонад ба муддати аз чанд дақиқа то ба як соат ва аз он бештар биборад.

Бино ба пажӯҳишҳои анҷомшуда жола дар ҳудуди ҷумҳурӣ нобаробар меборад ва ҳамаи минтақаҳои кишвар жолабор нестанд. Дар водии Ҳисор дар моҳҳои март-июл дар як моҳ қариб 22 рӯз, дар водии Хатлон бошад дар як моҳ то 10 рӯз ҳамасола бориши жола ба қайд гирифта мешавад.

Жола ба хоҷагии қишлоқ зарари калон мерасонад, киштзору токзор, гулу меваи дарахтон ва ҳатто чорвою парандаҳоро нобуд мекунад. Жола махсусан ба ниҳолҳои наврустаи пахта осеби бештар мерасонад. Замонҳои пештар жола соле то 46 ҳазор га киштзори водии Ҳисорро нобуд мекард. Тибқи омори Хадамоти зидди жолаи КҲФ ҳар сол дар водии Ҳисор аз жола 13% кишти зироат ва дар вилояти Хатлон бошад то  8% осеб мебинад.

Баъди ташкил намудани дастаҳои  зидди жола дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Турсунзода, Ҷалолудднини Балхӣ, Кушониён ва Ёвон майдонҳои муҳофизатшаванда аз талафоти боришоти жола кам, яъне то 93% расонида шуда, майдони муҳофизатшаванда ба 690 ҳазор га расид.   

Ҳоло дар ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва вилояти Хатлон гурӯҳҳои зидди жола амал мекунанд. Барои пешгирӣ намудани дар солҳои 70-80-ум (замони шӯравӣ) жола бо ёрии ба воситаи туппаронии ракетаву снарядҳо дар қабати абрҳои жолаовар моддаҳои махсус (одатан дуди йодиди нуқра, гази карбонат ва ғайраҳо) паҳн мекунанд. Дар натиҷа донаҳои жола калон нашуда, поён мефароянд ва ҳангоми дохилшавӣ ба қабатҳои ҳавои гарми назди замин ба борон табдил меёбанд. Ин тадбир имкон медод, ки то 70—80%-и киштзор аз зарари жола махфуз дошта шавад.

Адабиёт

•            Броунов П. И. Град, атмосферные осадки// Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.

•            Женев Р. Град. Перевод с французского. — Л., 1966

 

Фаъолияти  Хадамоти зидди жолаи Кумита

Ҳодисаҳои солҳои 90-ум ба пойгоҳи моддию техникии дастаҳои зидди жола низ таъсири худро гузоштанд. Дастаи зидди жолаи ноҳияи Кўшониёни вилояти Хатлон 2 стансияи радиолокатсионии замонавии тамғаи «МРЛ-5», дастгоҳҳои партови мушак, воситаҳои алоқаи худро аз даст дод, биноҳои маъмурии даста пурра хароб карда шуданд. Ҳамин ҳолат ба  дастаи зидди жолаи шаҳри Ваҳдат низ рух дод, як стансияи радиолокатсионии «МРЛ-5», дастгоҳҳои партоби мушак, воситаҳои алоқа аз байн рафтанд ва биноҳои маъмурии он валангор шуданд. Аз солҳои 2008-2010 4 стансияи радиолокатсионии дастаҳои зидди жолаи шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ёвон, Ҷ. Балхӣ таъмир ва автоматӣ кунонида шуданд ва ҳамаи онҳо тадриҷан ба шеваи нави хидматрасонии замонавӣ барои роҳандозии корҳои мавсимӣ омода карда шуданд, 18 адад дастгоҳи партоби мушаки тамғаи «Элия-2» харидорӣ шуд.

Соли 2018 3 адад дастгоҳҳои партоби мушаки муосири тамғаи «Элия-РУ» харида, аз ин ҳисоб нуқтаҳои мушакпарронии №№ 57,58 дастаи зидди жолаи ноҳияи Данғара тақвият дода шуданд.

Роҳбарии Сарраёсатро дар солҳои гуногун Сокол Г.П., Ковалевский О., Худойқулов С., Ашуров З., Расулов Х., Мамадалиев Б. ва Мирзоев Р. ба ўҳда доштанд.

Бориши жола ба  пайдоиши абрҳои жолаовар вобаста буда, худи жола як офати харобкор аст, ки метавонад ба хоҷагии халқ зарари калон ворид созад. Дар бориши шадиди жола ҳатто талафи ҳайвоноти хонагӣ, ки дар даштҳо чаро мекунанд, марги парандагони хонагӣ ба қайд гирифта шудаанд. 

Бо мақсади ба ҳам наздик будани фаъолияти соҳавӣ, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳирии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, № 152 Сарраёсати таъсиррасонии  фаъол   ба  ҷараёнҳои метеорологӣ аз сохтори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Баъд аз такмили сохтори Кумита, Сарраёсати таъсиррасонии фаъол ба ҷараёнҳои метеорологӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017, № 547 ба Хадамоти зидди жола табдил дода шуд.

Аз давраи такмили сохторӣ Хадамот ҳамчун воҳиди асосии Кумита, ин дар амал татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъсиррасонии фаъол, пешгирии талфёбӣ ва ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои нофарҷоми боришоти жола ба шумор меравад.

ЁДДОШТ: Аз соли 2018 то 2021 Хадамои жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хунсо кардани хавфи бориши жола 2560 мушак ба ҳаво партооб кардаву абрҳои жоларезро парешон ва жоларо ба борон табдил додааст. Ин амал сабабгори наҷоти садҳо ҳазор майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои жолахези кишвар шудааст. Фоидаи аз ин кор расида ба хоҷагии халҳ садҳо ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қоидаҳои бехатарӣ. Чӣ бояд кард, то аз хавфи жола эмин бимонем?

  • Вақте жола меборад, то ҳадди имкон аз хона берун нашавед;
  • Агар шумо дар дохили хона бошед, пас кӯшиш кунед дуртар аз тиреза қарор гиред;
  • Дар ҳоли резиши жола кӯшиш кунед то ҳадди имкон аз асбобҳои барқӣ истифода нанмоед, зеро маъмулан жола бо раъду барқ бо ҳам меояд;
  • Вақте шумо дар кӯчаед, талош кунед дар паногоҳе паноҳ баред ва агар ин номумкин аст, саратонро аз зарби жола ҳифз кунед (бо сумка, либос ва ҳаддиақл бо дастонатон пӯшед);
  • Кӯшиш накунед дар чунин ҳолатҳо зери дарахтон паноҳ баред, зеро хатари ба онҳо бархӯрдани раъду барқ зиёд аст ва боз ин ки жолаи азим ва боди шадид метавонад шохи дарахтонро шиканад, ки ин боиси ҷароҳат дидани Шумо мешавад. 
  • Агар дар мошин бошед, ҳаракат накунед, мошинро зуд нигоҳ доред. Дар дохили мошин худро аз шишаҳои дари он дур нигоҳ доред, хубтар он аст, ки пушт ба он гардонед, сару рӯй ва чашмонатонро бо дастнатон пӯшед;
  • Агар тифлакон ҳамроҳи шумоянд, пас зарур аст бо ҷисми худ онҳоро паноҳ кунед, чашмону сарашонро бо дастонатон ё либосатон пӯшед;  
  • Дар ҳеч сурате ҳангоми жола аз мошин берун нашавед. Дар хотир дошта бошед, бориши жола метавонад то 15 дақиқа идома дошта бошад;
  • Ҳамаи ин қоидаҳои бехатариро ба фарзандони ноболиғу навраси худ расонед. Онҳоро ҳаргиз танҳо нагузоред. Фарзандонатон нури чашмони шумоянд ва бояд барои таъмини бехатариву амнияти хеш аз ҳамин синну сол муносибат бо барфу борону жоларо донанд.

Таҳияи Б.Шафеъ

 

ВА БОЗ ДАР ИН БОРА: