2 – уми ноябри соли 2025, соати 16:05 дақиқа навбатдори ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ, ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дохили чоҳе воқеъ дар бинои 26, кӯчаи Фирдавсӣ як ҷасад намудор шудааст.
Ба ҷойи ҳодиса дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фиристода шуд.
Баъди аз чоҳ берун овардани ҷасад маълум гашт, ки вай як марди 49-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Анҷиркони хоҷагии Кирови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будааст.
Сабаби ҳалокати ин мард дар чоҳ маълум нест.
Кормандони наҷот ҷасадро барои ташхиси судиву тафтиш сабабҳои марг ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
*** **** * ****
Бино ба гузориши Раёсати Кумита дар вилояти Суғд 2 – уми ноябри соли 2025, соати 17:40 дақиқа як сокини 17-солаи деҳаи Вешап, ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ ба сабабҳои номаълум худро аз болои пули дарёи Зарафшон ба зер андохта ғарқ шудааст.
Дар айни замон ҷустуҷӯи ҷасади номбурда идома дорад.
*** **** * ****
2 – уми ноябри соли 2025, соати 12:45 дақиқа ба Сардори шуъбаи Кумита дар ноҳияи Рудакӣ хабар расид, ки ҷасади як сокини 29-солаи деҳаи Мадад-1, ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар канали Кӯктош-1 пайдо шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айни замон сабабҳои марги ҷавонмардро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд.


