Илм ва фанноварӣ

Фоҷеаи киштии “Титаник”. Аз он рӯйдоди мудҳиш 109 сол мегузарад

Бо гузашти беш аз як садсола аз ғарқи об шудани киштии овозадори “Титаник” ҳамоно гуфтугузорҳо дар атрофи он поён намеёбанд. Дар остонаи саддумин соли суқути ин киштии овозадор хабаре интишор ёфта буд, ки тибқи он ёддошти хаттии мусофири  киштӣ хонум Лауре Франкателлӣ дар ауксиони Британияи Кабир  20 ҳазор фунт стерлинг (32 ҳазор доллари ИМА) ба савдо рафт. Ин хабарро ожонсии...

Рози сӯрохиҳои инфиҷории сибирӣ чист?

Дар як ниҷазираи дурафтодаи Сибир ҳуфраҳои (замини кофташуда, чуқурӣ) бузург дар Шимолгон (Арктика) бар заминҳои яхзада зоҳир мешаванд.  Нигаронии дониш мандон он аст, ки ин нишонаи инфиҷори чизе дар зери сатҳи Замин бошад. Ин падидаи ногаҳонӣ ва тарканда манзараи заминҳои минтақаро ба шакли ноҳамворе аломатгузорӣ кардааст. Дар атрофи канораи ин ҳуфраҳои азим, ки шабеҳи даҳанаи оташфишон ҳастанд,

Тарма чист? Чӣ бояд кард аз хатари он эмин монем?

Аввали баҳор мавсими борону жола ва лағзиши тарма аст. Гармтар шудани дамои ҳаво маъмулан дар роҳҳои кӯҳӣ ду хатари аслиро ба бор меоранд, ки яке лағзиши эҳтимолии тарма аст ва дигаре резиши санг. То ин ҷо мо хабарҳои зиёде доштем, ки чӣ миқдор тарма омад ва роҳҳоро пӯшонду ҳаракати нақлиётро ба мушкил рӯ ба рӯ кард. Тарма чист ва кадом қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард? Калонтарин тармаҳои олам кадомҳо буданд?

ДОНИШ: Дар замони динозаврҳо бешаҳои тропикӣ набуданд

Афтиши як сайёраки (астероид) бузург ба Замин на танҳои динозаврҳоро ба ҳалокат расонд, балки дигар намуди организмҳои зиндаро аз миён бурд. Ин рӯйдод бино ба гуфтаи олимон 66 миллион сол пеш рух додааст. Бар асари ин ҳодиса дар рӯи Замин ҷангалҳои тропикӣ пайдо шудааст. Донишмандон баъди пайдо кардану омӯхтани баргҳои сангшуда ва гарду ғубор дар Колумбия ба ин натиҷа расидааст. 

Садамаи мошинҳо. Чаро мошинҳо ба ҳам бармехӯранд? Оморҳои такондиҳанда аз ҷаҳон ва Тоҷикистон

ШАРҲИ ИСТИЛОҲ: садама, тасодуф - як бор ба ҳам задани ду чиз, ба ҳам кӯфтан (Фарҳанги забони тоҷикӣ).  Як навбат куфтани ду чиз бо ҳам (Ғиёс-ул-луғот). Бархӯрд кардани василаи нақлия бо шахс ё чизе. Рӯ ба рӯ шудан; ба сурати ғайримунтазира ба касе ё чизе бархӯрд карданд. Ҳодиса. Иттифоқи ғайри қобили пешбинӣ. (Фарҳанги Амид).  Муқобил ва рӯ ба рӯ шудан бидуни қасд. Бархӯрдан, бархӯрд. Сонеҳа, ҳодиса.

Страницы