СИКЛОН – гирдбод, тундбод, исёни атмосфера, ки фишори пасти ҳавоӣ дошта, дар нимкураи шимолӣ гирдгардиши ҳавояш дар гирди марказ зидди ақрабаки соат буда, дар нимкураи ҷанубӣ мутобиқи ақрабаки соат мебошад. (Луғати ҳавошиносӣ).
Чарханд - истилоҳе дар ҳавошиносӣ аст, ки дар баррасии мустақим ҷиҳати ҳаракати як тӯда ҳаво мепардозад. Худи тӯдаи ҳаво низ бастагии мустақим ба минтақаи ҷуғрофиёӣ ва маҳдудаи интиқолии тӯдаи ҳаво дорад, ба гунае, ки ҷиҳати ҳаракати як тӯда ҳаво дар нимкураи Шимолӣ ба ҷиҳати ҳаракати як тӯда ҳаво дар нимкураи ҷанубӣ дақиқан баръакси якдигар ва бархилофи ҳаманд. (Донишномаи озод).
Сомонаи камфишоре, ки дар нимкураи шимолӣ дорои ҳаракати подсоатгард (мухолиф ба ақрабаки соат) ва дар нимкураи ҷанубӣ дорои ҳаракати соатгард аст. (Важаҳои мусавваби Фарҳангистон).
СИКЛОНҲОИ ХАРОБКОРИ ОЛАМ
СИКЛОНИ НАРГИС. Яке аз пурфоҷеатарин балои табиӣ дар уқёнуси Ҳинд мебошад. Ин сиклон, ки дар соли 2008 рух дод, бахше аз каронаи Бирмаро ба шиддат дучори фалокат кард. Манбаъҳои мухталиф дар бораи ин сиклон рақамҳои гуногунро ироа кардаанд ва маъруфтарин омор ҳалокати 100 ҳазор нафар дар ин сиклон мебошад.
СИКЛОНИ АМФАН (анг. Cyclone Amphan) – як тӯфони тропикии пурқудрат буд, ки боиси хисороти густарда дар шарқи Ҳинд ва Бангландеш шуд. Ин сиклон моҳи майи соли 2020 рух дод ва ба миллионҳо сокинони минтақа харобиҳо овард. Ба ҳадде, ки Сарвазири Ҳинд Нарендра Моди аз ҳаво харобаҳоро тамошо кард. Талафоти ҷонӣ зиёд набуд, чун дар остонаи тӯфон ҳукуматдорони ду кишвар аҳолиро ба макони амн интиқол доданд. Суръати шамол 185 км/ч буд ва баландии мавҷи он то ба 4,5 метр мерасид.
СИКЛОНИ ФОНӢ низ дар қаламрави Ҳинд моҳи майи соли 2019 рух дод ва қабл аз оғози он ҳукумат фавран беш аз 1 миллион сокинонро ба дигар макон интиқол дод. Беш аз 50 нафар ҷон бохтанд.
3 ноябри соли 2013 сиклони пуршиддати “Ҳайян” дар Филиппин сабабгори марги беш аз 6,6 ҳазор ва нопадид гаштани ҳудудан 1 ҳазор нафар гашт.
Рӯзҳои 10-16 октябри соли 1780 дар ҷазираҳои хурди Антил воқеъ дар баҳри Кариб сиклони тропикии “Сан-Каликсто” ба хурӯш омад. Ин сиклони азим дар таърих бо номи тӯфони бузурги соли 1780 низ машҳур аст ва онро харобкортарину кушандатарин сиклонҳои таърихи башар то ба ҳамин сол медонанд. Бино ба оморҳо аз 20 то 22 ҳазор сокинони минтақа ба ҳалокат расиданд. Ин тӯфон солҳои талоши амрикоиён ба истиқлолият рух дод ва ба флоти баҳрии артиши Фаронва ва Британия зарарҳои ҷуброннашаванда ворид намуд.
25 ноябри сол 1839 як сиклони тропикии пурқудрат бандари Коринга дар соҳили халиҷи Бенгалро вайрон кард. Мавҷи пуршиддати тӯфонӣ бо баландии то 12 метр 25 ҳазор киштиҳоро дар бандар ва атрофи он хароб ва бештар аз 300 ҳазор нафарро кушт. Баъди ин шаҳри Коринга дигар бозсозӣ нашуд ва ба сурати як деҳаи хурде то кунун боқӣ мондааст.
8 сентябри соли 1900 сиклон дар шарҳи ҷазираии Галвестон (иёлоти Техасс)-ро ба маҷрои худ кашид ва аз 6 то 12 ҳазор дар ин офат ба ҳалокат расиданд. Мавҷҳои пурқудрати он ки то ба 5 метр баланд шуда буданд, ҷазираро пурра зери об карданд, наздик ба 3600 бино хароб шуд. Тӯфони Галвестонро то кунун яке аз тӯфонҳои марговар дар қаламрави имрӯзаи ИМА медонанд.
ЧИРО АНТИСИКЛОН МЕНОМАНД?
АНТИСИКЛОН. Антисиклон ё худ бодчарханд аслан истилоҳи инглисии Anticyclone буда, туғёни азими атмосфериро меноманд, ки шакли гирдбод дорад ва дар натиҷаи боло рафтани фишори ягон минтақаи атмофера (атмофера - воҳиди ғайрисистемавии фишор, ки тақрибан ба фишори атмосферӣ дар руйи Замин баробар аст) ба вуҷуд меояд.
Тасвири рангаи маҳвораии антисиклон дар ҷануби Австралия, ки 8- уми сентябри соли 2012 акс бардорӣ шудааст ва ҳаракат муқобили ақрабаки соатро нишон медиҳад.
Антисиклон то ҳазорҳо км доман паҳн мекунад ва он дар тропосфера муштарак бо сиклон вусъат меёбад. Антисиклон ва сиклон қисмҳои даврзании умумии атмосфера мебошанд, ки боиси мубодилаи байнимарзии ҳаво мегарданд. Баъзе антисиклонҳо чанд шабонарӯз, ҳатто чанд ҳафта вуҷуд дошта метавонанд.
Антисиклонҳо ҳам мисли сиклон ба самти интиқоли умумии ҳаво, яъне аз Ғарб ба Шарқ, лекин бо тамоюле ба тарафи арзҳои поён ҷой иваз мекунанд. Суръати миёнаи интиқоли антисиклон дар Нимкураи Шимолӣ то 30 км/соат, дар Нимкураи Ҷанубӣ то 40 км/соат, дар Осиёи Марказӣ тобистон то 49 км/соат, зимистон то 60 — 65 км/соат мерасад.
Дар Нимкураи Шимолӣ бод дар атрофи маркази антисиклон ба самти ақрабаки соат ва дар Нимкураи Ҷанубӣ баръакси он ҳаракат мекунад. Омӯхтани пайдоишу ҳаракати антисиклон барои пешгӯии обу ҳаво ниҳоят муҳим аст.
МАВОДҲОИ ДИГАР:
-
РОЗИ СӮРОХИҲОИ ИНФИҶОРИИ СИБИРӢ ЧИСТ?
-
ДАР ЗАМОНИ ДИНОЗАВРҲО БЕШАҲОИ ТРОПИКӢ НАБУДАНД
-
ҲАВЗИ ПУРХАТАРТАРИНИ ОЛАМ. ОБШОРИ ВИКТОРИЯ
-
МОҲИҲОИ ОБИ ШИРИНИ ҶАҲОН БА ФАЛОКАТИ ФОҶЕАБОРЕ РӮ БА РӮ ҲАСТАНД
-
ОЁ ҲАВОИ НОМУСОИД МЕТАВОНАД РАВАНДИ ТАЪРИХРО ТАҒЙИР ДИҲАД?
-
ЧАРО ТӮФОНҲО БЕШТАР НОМИ ЗАНОНА ДОРАНД? ВА ЧАРО ҶОПОНИҲО БА ТӮФОНҲОИ ХАРОБКОР НОМИ ЗАНОНА НАМЕГУЗОРАНД?