КҲФ: Дамои гарм то 24-уми август боқӣ мемонад. Хавфи омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо бартараф нашудааст
Чоп шуд: 21/08/2021 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 24-уми августи соли 2021 дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад ва эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва резиши санг дар роҳҳову минтақаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.