Ҳашт нафар сокинони зарардидаи сели рӯзи 11-уми май дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш соҳиби хонаҳои нав шуданд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар дод, ки дирӯз, 20-уми август Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ба 8 оилаи зарардида аз сели рӯзи 11-уми май дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш калиди хонаҳои навро тақдим намуд.

Маврид ба ёдоварист, ки бар асари офати табиии рӯзи 11-уми майи соли равон 41 хона дар рустои номбурда барои зиндагӣ комилан номуносиб шуд ва Ҳукумати кишвар тасмим гирифт барои ин оилаҳо хонаи нав бунёд кунад. 

Акрам Сулаймонзода ҳамчунин дастур дод, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди хонаҳои дигар низ ба анҷом расонда шаванд, то сокинон ин ҷашнвораро дар манзилҳои нав таҷлил кунанд.

 

М. Муйдинов