Гирифторон ба Covid-19 дар олам ба 201 миллион наздик шудааст. Чин вуруду хуруҷро дубора манъ кард
Чоп шуд: 05/08/2021 | redaktorШумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам ба 200 миллиону 815 ҳазору 159 нафар расид. Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия, Фаронса дар панҷгонаи кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифтрон ба Covid-19 доранд.
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақрибан 93,4 дарсади сироятшудагон ба гунаи “Делта” сироят шудаанд.