Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои гардолуд ва эҳтимоли сел дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ
Чоп шуд: 02/08/2021 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 3-уми августи соли равон ҳавои гардолуд дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония мевазад ва қисмати бештари ҷумҳурӣ гарду ғубор ҳифз мешавад.