Рӯзҳои охир моҳи июл ва аввали моҳи август аз гӯшаву канори кишвар хабари ғарқи об шудани чор нафар расид. Яке худкушӣ кардаву дуюмӣ ҳангоми бозгашт аз чарогоҳ ҳалок шудаву дуи дигар аз беэҳтиётӣ ғарқи об шудаанд.
Тибқи маълумоти сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ як сокини 29-солаи деҳаи Патруди ҷамоати деҳоти Фондарё дар чарогоҳ бедарак шудааст.
Сокинон соати 23 – и рӯзи якуми август аввал дар соҳили рӯди Патрӯд хурҷини болои хар ва сумкаи ӯро дидаанд.
Субҳи имрӯз соати 06:05 дақиқа ҷасади ӯро дар мавзеъи пули Мушкон, дар соҳили дарёи Патрӯд пайдо ва ба соҳибонаш супурданд.
Иллати марги ӯ маълум нест.
*** *** ***
Як писари 13-сола, сокини кӯчаи ба номи Б.Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми шиноварӣ бо камераи автомашина дар кӯли Ҷавонон аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Баъд дарёфти хабари фаврӣ наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҳамроҳ бо сокинон ва хешовандонаш соати 16:35 дақиқаи рӯзи гузашта ҷасади ӯро пайдо карданд ва барои ташхису таҳқиқ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
*** *** ***
Як сокини 23-солаи деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода дар рӯди Қаратоғ худкушӣ кардааст. Ин ҳодиса нимишабии 31-уми июл, соати 23:32 дақиқ рух додааст.
Ҷасади номбурдаро дар деҳаи Балх рӯзи 1-уми август, соати 14:25 дақиқа пайдо ва ба соҳибонаш супурданд.
Сабаби худкушии бонуи 23-сола маълум нест.
*** *** ***
Тибқи маълумоти сардори шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон як ҷавони 17-сола, сокини деҳаи гулшани ноҳияи Фархор дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кушониён аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.
Ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда аз рӯзи 30-уми июли соли равон идома дорад ва ҳама талошҳо то кунун бенатиҷа наҷом шудаанд.
Дар ҳоли пайдо шудани ҷасад маълумот пешниҳод мешавад.