Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои гардолуд ва эҳтимоли сел дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 3-уми августи соли равон ҳавои гардолуд дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 13-18 метр дар як сония мевазад ва қисмати бештари ҷумҳурӣ гарду ғубор ҳифз мешавад.

Рӯзҳои 1-3 августи соли 2021 дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, вилояти Суғд ва қисмати ғарбии ВМКБ эҳтимоли омадани сел бар асари аз гармои шадид об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.

Ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ва пешигирӣ аз селҳои харобкор сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то оби зиёдатӣ бе мамониат гузарад ва боиси зарар ба киштзорону ҳавлиҳо нашавад.  

барчасп: