Баргузории чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ВМКБ манъ карда шуда, минбаъд маблағи онҳо барои пешгирӣ ва интиқол наёфтани бемории коронавирус равона карда мешавад. Ин нуктаро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар ҷаласаи фаврии Ситоди вилоятии пешгирии бемории COVID-19, ки имрӯз, 30 июл, баргузор гардид, зикр кардааст.
Ӯ ҳамчунин аз баргузории тӯю маъракаҳо ва риоя нагардидани талаботи беҳдоштӣ дар ошхонаву тарабхонаҳо изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин супориш додааст, ки ин масъаларо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Раиси вилоят аз таҷрибаи мамлакатҳои Аврупо мисол оварда, зикр намудааст, ки ба роҳ мондани карантин барои пешбурди иқтисодиёт манфиатовар нахоҳад буд.
- Аз ин рӯ, ягона роҳе, ки ба коҳиши беморӣ дар байни аҳолӣ мусоидат мекунад, ин ваксинатсия мебошад, - гуфтааст раиси ВМКБ
Дар ҷаласа, сардори Раёсати тандурустии ВМКБ Фарид Музаффаров иттилоъ додааст, ки чанде пеш 50 ҳазор воя ваксинаи “Moderna” ба вилоят дастрас шудааст.
Мавсуф гуфтааст, ки аз ин пештар, моҳи июн 5850 воя ваксинаи “Астра-Зенека” ба ВМКБ дастрас гардида, дар марҳилаи аввал кормандони соҳаи тибби шаҳри Хоруғ ва кормандони шуъба ва бахшҳои иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ваксинасия фаро гирифта шуданд.
- Барои табобати беморони коронавирус дар ВМКБ дар заминаи беморхонаҳои марказии ноҳияҳо 40 ададӣ кат, 150 кати хоб дар беморхонаи вилоятӣ ва 20 кати хоб дар Маркази тиббии Оғохони шаҳри Хоруғ омода карда шудаанд, - гуфтааст Музаффаров.
Ӯ изҳор доштааст, ки дар сурати авҷ гирифтани беморӣ 200 кати хоб дар беморхонаи бемориҳои рӯҳии вилоят, воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.
Манбаъ: Азия-плюс