Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон 30 июли соли 2021 баҳри пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар кулу дарёҳо дар мавсими баҳору тобистони соли ҷорӣ дар миёни намозгузорони масҷиди марказии ба номи “Ҳазрати Муҳаммад (с)”, масҷидҳои ҷомеаи ба номи “Имоми Аъзам”, “Ҳоҷӣ Муҳаммадшарифи Соҳибзода”, “Абдулло Бобохонов”ва “Абубакри Сиддиқ”-и шаҳри Бохтар як силсила корҳои таблиғотӣ ба роҳ монд.
Ба намозгузорон, ки аз ҷумлаи сокинони ин шаҳранд, дар бораи қоидаҳои бехатарӣ дар соҳили обҳо, назорати кӯдакон, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ барои сироят нашудан ба коронавирус иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки волидон масъули бехатарии фарзандони худанд ва бояд нагузоранд, ки танҳо оббозӣ раванд. Ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро ёдоварӣ намуданд, ки тибқи он беназоратии волидон ва бепарвоӣ ба тарбия ҷавобгарии қонунӣ дорад.