Танҳо шаби гузашта кормандони бахши наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду даъвати кӯмаки боз кардани дарҳои баста посух доданд. Дар аввалӣ ту тифлакеро аз танҳоӣ наҷот доданд, ки яке сесола буду дуюмӣ якунимсола. Дар дуюмӣ навраси 11-сола танҳо монда буд. Ва ҳарду ҳодиса ҳам нимишабӣ рух доданд.
ВОЛИДОНИ МУҲТАРАМ, ДАР ФИКРИ СОЛИМИИ ФАРЗАНДОНИ ХУД БОШЕД, ОНҲОРО ҲАРГИЗ ДАР ХЗНА ТАНҲО НАГУЗОРЕД!
Як сокини кӯчаи Испечаки шаҳри Душанбе нимишабӣ соати 23:17 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари хонааш баста шудаву наметавонад вориди он шавд. Дар хона ду тифли ӯ, ки яке сесолаву дуюми якунимсола мебошанд, танҳо мондаанд.
Дастаи махсуси имдодгарони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе соати 23:21 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари хонаи шаҳрвандро боз карданд ва ду кӯдаки хурдсолро солим ба волидонашон супурданд.
**** ***** *****
Ҳамин гуна занги телефонӣ нишабии 2-уми август, соати 01:34 дақиқа аз як сокини кӯчаи Фотеҳ Ниёзии пойтахт расид. Номбурда хабар медод, ки дари хонааш баста шудаву дар дохили хона фарзанди ноболиғи 11-солааш танҳо мондааст.
Дастаи зудамали Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса расид ва ҳолати ба амал омадаро соати 02:04 бартараф намуда, писараки ноболиғро саломат ба волидонаш супурданд.
Тавре пай бурдед, ин ду рӯйдод нимишабӣ рух доданд ва дар аввали ду тифлаки аз оламу одам бехабар дар хона танҳо монданд ва дар ҳолати дуюм ноболиғи 11-сола. Ин ду маврид ҳам метавонист фоҷеа ба дунбол дошта бошад. Тасаввур кунед агар дасти он тифлакон ба асбоби барқӣ мерасид ва ё бо ашёи халанда бо бозӣ ба ҷони ҳам дар меуфтоданд ё ҳодисаи дигаре рух медод.
Пас волидони муҳтарамро лозим аст тифлону фарзандони ноболиғи худро ҳаддиақал нимишабӣ танҳо нагузоранд. Ҳангоми берун шудан аз хона, калидҳоро бо худ бигиранд. Эҳтиёткор бошанд, ҷони худу фарзандони худро дар хатар наандозанд.
ВА БОЗ ДАР ИН БОРА:
-
ИМДОДГАРОНИ КУМИТА ТИФЛЕРО, КИ ПАСИ ДАРИ БАСТА ТАНҲО МОНДА БУД, НАҶОТ ДОДАНД. ЧАНД МАСЛИҲАТИ МУФИД БА ВОЛИДОН
-
ВОЛИДОНИ СЕ ТИФЛИ МУРДА ДАР СӮХТОРИ ЯК ХОНА ДАР НОВОСИБИРСК ЧОР СОЛ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ МЕШАВАНД
-
ТИФЛИ СЕСОЛАЕ, КИ БО ГУНОҲИ ВОЛИДОН НОПАДИД ШУДА БУД, ШАБИ САРДЕРО ДАР ОҒӮШИ САХРАҲО БА САР БУРДУ ЗИНДА МОНД