КҲФ: Дамои гарм то 24-уми август боқӣ мемонад. Хавфи омадани сел бар асари об шудани пиряхҳо бартараф нашудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 24-уми августи соли 2021  дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм боқӣ мемонад ва эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва резиши санг дар роҳҳову минтақаҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони ин ноҳияву минтақаҳо хоҳиш мекунад эҳтиётро риоя кунанд. Бахусус ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ва он манотиқе, ки эҳтимоли омадани сел дорад, қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.

Сокинон дар ин рӯзҳо аз рафтан ба шикоргоҳ, ҷамъоварии ҳезуму алаф ва гиёҳҳои дорувор, рафтан ба лаби рӯдхонаҳо барои истироҳат ва ё моҳидорӣ  худдорӣ намоянд ва ё агар мераванд, пас хеле батаваҷҷуҳ бошанд, на бепарво. 

Дар ин рӯзҳо бори дигар хабар гирифтани селроҳаҳо ва тоза кардани ҷӯву каналҳо ба манфиат аст.

барчасп: