Фоҷеаҳои биологие, ки ба дасти инсон анҷом шуданд. Марги говҳои баҳрӣ

Борҳо дар ин бора навиштаем, ки мутаассифона, баъзан фаъолияти инсон муҷиби нобуд шудани бисёре аз намудҳои пистондорон гардиааст. Ба маънии дигар инсон тӯли замони пайдоиши худ сабабгори он шуда, ки бисёре аз намудҳои ҳайвонот, парандаҳо, хазандаҳо, обхокиҳо ва ғайра мавҷудияти худро дар рӯйи замин адабан қатъ кунанд.  Яке аз онҳо гови баҳрист.

Говҳои баҳриро (лот. Hydrodamalis) гови Стеллер низ меноманд, чун кошифи аслии онҳо донишманди олмонӣ, табиатшинос ва духтур Георг Стеллел (1709-1746) буд. Стеллер онҳоро соли 1741 дар ҷараёни дуюмин экспедитсияи худ кашф карда буд.    

Ҳайвони нодире, ки вай тасвир кардааст, аз 7,5 то 10 метр дарозӣ ва то 4 тонна вазн доштанд. Зоҳиран ба тюленҳои азимҷусса монанд буданд. Думашон бо олати бузурги шиноварӣ ба анҷом мерасид. Пойҳои ақиб надоштанд, пойҳои пешашон  бо “сумҳои” ғафси пӯст муҷаҳҳаз шуда буданд. Даҳони бедандон доштанд. Обсабзаҳо (ва бахусус карами баҳрӣ)-ро бо ёрии пластинҳои шохии қиррадор, ки ҷоғи поёнашонро пӯшида буд, меканданд. Дар тунукобҳои ҷазираҳои Командор зиндагӣ мекарданд. Хонаводагӣ ҳаёт ба сар мебурданд. Хеле оҳиста ҳаракат мекарданд ва аз одамон аслан намеҳаросиданд. 

Георг Стеллер - олими тибб,
Табиатшиноси  олмонӣ (1709-1746)

 

Стеллер дар бораи онҳо менависад: “Инҳо махлуқҳои носерамеанд, ки бидуни ист мехӯранд ва ба ҳадде баднафсанд, ки сарашон ҳамеша зери об аст; онҳо чандон эътиборе ҳам намедиҳанд, ки дар атрофашон чӣ мегузарад, дар бораи амнияту бехатарии худ аслан фикр ҳам намекунанд, аз ин рӯ дар миёни онҳо метавон озодона бо заврақ ва ё бадани урён шино кард ва дилхоҳ намунаи онро аз об берун кашид. 

  Вақте он ҳамин гуна мечарад, ташвиши дигаре надоранд, баъди ҳар чор-панҷ дақиқа биниашро аз об берун мекунад ва ҳамроҳ бо фаввораи об аз шушаш ҳаворо берун тела медиҳад.  Садое, ки дар ин ҳангом аз онҳо берун меояд, шиҳа, хиррос ва фирқ-фирқи аспонро ба ёд меорад. Дар пушти онҳо моҳихӯракҳо менишинанд ва ҳарисона паразитҳоро мечинанд. Зимистон онҳо ба ҳадде хароб мешаванд, ки метавон дар он қабурғаҳояшонро ҳисоб кард”.

Бадбахтона, гӯшти говони баҳрӣ хеле хуштамъу бомазза буд. Он мисли дигар сокинони баҳрҳо бӯйи ногувори моҳӣ надошт (чун онҳо танҳо обсабзаҳоро тановул мекароданд). Ва ҳамин сарнавишташонро ҳал кард. Говҳои стеллериро, ки дар соҳили Беринг кушта буданд,  бо суръати кайҳонӣ, ҳамагӣ зарфти 27 сол аз байн бурданд. Охирин гови баҳриро, ки дар соҳили Беринг кушта буданд, кишваркушои рус Федот Попов бо ҳамраҳонаш хӯрд. Маҳви 

ин ҳайвони ғайриоддӣ ба ҳадде тезу ногаҳонӣ сурат гирифт, ки вақте охирини онро Попов мехӯр, олами илм аз мавҷудияти як чунин ҷонвари наҷиб бехабар буд. Хотираҳои Стеллер танҳо баъди шаш соли ин фоҷеаи гӯшношунид 

чоп шуданд. То замони мо аз гови баҳрӣ танҳо чор скелети пурра ва чандин устухонҳои поракардашуда омада расидаанд. “Мероси” нокифоя!

Аз олам ҳайвони беназиру беҳамтое нобуд шуд, ки метавонистанд онро афзоиш диҳанд ва Шарқи Дурро бо гӯшти болаззат таъмин созанд. Дуруст аст, ки баъзе инсонҳо дар мавриди шояд боқӣ мондани говҳои баҳрӣ дар ким – кадом халиҷи дуруфтодаи Беринг изҳори назар мекунанд. Дар рӯзномаҳои Петропавловск баъзан хабарҳое  пайдо мешаванд, ки гӯё ҳатто онҳоро дар баҳр дидаанд. Вале умеде, ки ин хабарҳо асоси воқеъӣ доранд, намондааст. 

Гови баҳрии ламантин

Аммо дар обҳои гарми баҳрҳои гарм ҳоло ҳам “ҳамқавмон”-и онҳо аз гуруҳи хуки обӣ – ламантинҳо ва дюгонҳо зиндагӣ мекунанд. Вале онҳо дар назди ҷуссаи азими говҳои баҳрӣ пакана менамуданд, аз рӯйи вазн онҳо 7-10 маротиба сабуктаранд. Шабоҳати хуки обӣ бо белдастон ва китшаклон ба намуди зоҳирист. Ба андешаи олмион онҳо аз ҳайвоноти заминии хартумдор пайдо шудаанд. 

 

Таҳияи Б.Шафеъ