Илм ва фанноварӣ

ДОНИШ. Ҳавзи пурхатартарини олам. Обшори Виктория

Обшори Виктория як обшори табиӣ дар ҷануби қораи Африқо, ки бар рӯи рӯдхонаи Замбезӣ ва бар рӯи хати марзии Замбия ва Зимбабве қарор дорад.  Дарозии обшори Виктория  тахминан 1800 метр ва баландии он 120 метр мебошад.  Мегӯянд садои онро метавон дар масофаи 40 километр шунид ва қатраҳои парешони вай то 400 метр боло мехезад ва аз масофаи 50 км ҳам дида мешавад.

ДОНИШ: Дар бораи хоб чӣ медонед?

Чаро дар бораи хоб менависем? Хоб ҳам метавонад як сабаби хатар ба ҷони инсон дар ҳолатҳои фавқулода бошад. Аксари офатҳои табиӣ шабонгаҳон, вақте инсонҳо дар хоби нозанд, рух медиҳанд. Инсон хоб аст, ки замин ба шиддат меларзад. Хоб аст, ки борони шадид сел меорад ва ҳавливу дари одамонро пахш мекунад. Хобем, ки аз тармаву ярч осеб мебинем. Ба ронанда ҳангоми сафар хоб пирӯз мешавад ва мошин сарозер

ПАЖӮҲИШ: Моҳиҳои оби ширини ҷаҳон ба фалокати фоҷеаборе рӯ ба рӯ ҳастанд

Як гузориши тоза ҳушдор медиҳад, ки  хатари офати “фоҷеабор” моҳиҳои обҳои ширинро таҳдид мекунад, ба ҳадде ки тақрибан як саввум аз онҳо дар ҳоли нобуд шудан ҳастанд. Гурӯҳҳои фаъоли ҳифозат аз муҳити зист мегӯянд, ки инқирози 80 гуна аз ин моҳиҳо тайид шудааст, ки 16 мавриди онҳо фақат дар як соли ахир иттифоқ уфтодааст. Миллионҳо нафар дар саросари олам барои таъмини зиндагии худу фарзандонашон...

ДОНИШ:Тӯфони геомагнитӣ ё хуршедӣ чист?

Тӯфони геомагнитӣ ё тӯфони хуршедӣ як ошуфтагӣ ё худ дарҳаму барҳам шудани майдони геомагнитӣ буда, метавонад аз чанд соат то чанд рӯзро дар бар гирад. Онҳо аз ларзиши мавҷи боди хуршедӣ ва таъсири он ба магнитосфераи Замин ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи таъсири боди хуршедӣ ба магнитосфераи Замин ҷараёни ҳалқавие, ки дар камарбандҳои радиатсионӣ вуҷуд доранд пурзӯр мешавад.

ДОНИСТАНИҲО. Панҷгонаи хатарноктарин кӯҳҳои олам. (Бахши охир)

Замоне, ки кӯҳнавардон қасди фатҳи қуллаи Эверест (непалӣ: Согормото ба маънои Сар ба осмон ва тибетии Ҷомолунгма) мекарданд, оламиён ба ин гумон буданд, ки ин кӯҳ баландтарин ва хатарзотарин кӯҳи ҷаҳон аст. Дар ҳақиқат садҳо қӯҳнавард дар талоши фатҳи қуллаи Эверест ҷони худро аз даст дод. Вале баъдтар маълум шуд, ки Эверест ягона кӯҳи пурхатар набуда, ҳатто дар қиёс ба кӯҳҳои дигар...

Страницы