ШАРҲИ ИСТИЛОҲ: садама, тасодуф - як бор ба ҳам задани ду чиз, ба ҳам кӯфтан (Фарҳанги забони тоҷикӣ). Як навбат куфтани ду чиз бо ҳам (Ғиёс-ул-луғот). Бархӯрд кардани василаи нақлия бо шахс ё чизе. Рӯ ба рӯ шудан; ба сурати ғайримунтазира ба касе ё чизе бархӯрд карданд. Ҳодиса. Иттифоқи ғайри қобили пешбинӣ. (Фарҳанги Амид). Муқобил ва рӯ ба рӯ шудан бидуни қасд. Бархӯрдан, бархӯрд. Сонеҳа, ҳодиса. Марг ё ҳаракатҳои ношӣ (пайдошуда) аз вожгун шудан ё ба ҳам хӯрдани василаи нақлия, ҳавопаймоҳо (Луғатноми Деҳхудо).
Тасодуфи ронандагӣ, садамаи мошин, дар форсии дарӣ “ҳодисаи трофикӣ”. Ба ҳодисаҳое гуфта мешавад, ки мошинҳо дар роҳу ҷодаҳо ба ҳам бармехӯранд ва ё як мошин бо сабабе чаппа мешавад, ба ҷойе мерасад ва як хатари амниятӣ ба вуҷуд меорад. Дар ин гуна ҳодисаҳо мошинҳо хароб мешаванд, одамон ба ҳалокат мерасанд ва ё захмӣ мегарданд. Садамаҳои мошин яке аз омилҳои аслии марги одамон дар саросари олам дониста мешаванд.
Омилҳое чун нӯшидани машрубот, истеъмоли доруҳои хобовар, хоболудагӣ ва ғайра аз ҷумлаи сабабҳои бисёре аз садамаҳо мебошанд. Дар баробари ин иллатҳои дигаре чун харобии системаи тормоз, фарсуда будани мошин, камнур будани чароғҳо ва ғайра ҳам метавонанд аз омилҳои садама бошанд. Баъзан омилҳои муҳитӣ, аз ҷумла боду борон, тира будани ҳаво, ях, харобии роҳу ҷодаҳо заминасози ин гуна ҳодисаҳо шаванд. Вале иштибоҳҳои инсонӣ, аз қабили риоя нашудани қоидаҳои ронандагӣ, риоя накардани фосилаи ҳаракати байни мошинҳо дар роҳҳои душворгузар, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ ҳангоми борандагиҳои шадид сабабҳои бештари ин гуна садамаҳо мебошанд. Бахусус, дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон бисёр вақт садамаҳое рух медиҳанд, ки одамон қурбон мешаванд, мошинҳо пурра аз истифода мебароянд, амнияти атрофиён халалдор мешавад.
Маъмулан садамаи ду мошин метавонад дар се ҳолат рух диҳад:
- бархурд аз ақиб (мошине аз қафо ба мошини пеш бармехӯрад);
- садама аз бағал, яъне мошине дар ягон роҳи камбар ба бағали мошини дигар мерасад.
- садамаи рӯ ба рӯ.
- ронандагӣ бо чароғҳои хомӯш дар шаб;
- суҳбат ва таваҷҷуҳ ба ҳамсафар ҳангоми ҳаракат;
- хӯрдан ва нӯшидан ҳангоми ронандагӣ;
- риоя накардани фосила байни мошинҳои дар ҳоли ҳаракат;
- ҳаракатҳои намоишӣ;
- диққат надодан ба аломатҳои ҳаракат дар роҳҳо;
- суҳбат бо телефони ҳамроҳ ҳангоми ронандагӣ;
- вуҷуди нуқси техникӣ дар мошин ва бетаваҷҷуҳии ронанда ё соҳиби мошин ба ислоҳи он;
- баҳсу суҳбатҳои саргармкунанда дар дохили мошин;
- хӯрдани шарбат ва ё маводҳои хобовар;
- истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ;
- истеъмоли маводи мухаддир;
- истифода накардан аз камарбанди эминӣ, ки сабаби марг дар садама мешавад;
- шунидани мусиқӣ дар мошин ҳангоми ҳаракат;
- ҳузури ҳайвон дар мошин;
- доштани пойафзоли пошнабаланд.
Хатои дид - номҳои дигар: хатои босира, хатои басирӣ, хатои чашм. Фиреби ҳисс ё ғалати тасаввур. Ба сурати умум як тасаввуроест, ки аз ҷониби системаи физиологии дастгоҳи биноӣ эҷод мешавад ва он аз воқеъият фарқ мекунад. Хатои дид гуногун аст ва табақабандии онҳо низ мушкил аст, зеро дар бисёр ҳолатҳо ва иллати аслии он чандон рушан нест.Таъхири дарк, мушкили роҳҳо Дар ҳоли хастагӣ мошин рондан ва ё дар ин гуна ҳолатҳо хеле дурудароз сари чанбари мошин нишастан ронандаро камфаъолият мекунад ва ӯ метавонад хатари пешорӯро дертар дарк кунад. Ҳамчунин нӯшокиҳои мастиовар ва ё доруҳои таскинбахш истеъмол намудан, ба ронандагӣ кардан низ хатар дорад. Дар қатори омилҳои дигари садамаҳои мошин метавон аз тарроҳии ҷодаҳову роҳҳо, таъмири мошин ва омодагии қаблӣ барои сафарро ҳам ном бурд. Бахусус ронандаро лозим меояд қабл аз сафар ба шаҳр ё деҳоти дур мошинро комил аз назар гузаронад. Бояд бидонад, ки оё ин мошин барои ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистону баҳору тобистон омода аст ё на? Гурӯҳбандии садамаҳо:
- баҳамбархӯрдан
- сарнагунӣ
- бархӯрд бо нақлиёте, ки ҷойе истодааст
- бархӯрд бо монеъае
- бархӯрдан бо пиёдагард ё зер кардани пиёдагард
- бархӯрд бо дучархасавор
- бархӯрд бо ҳайвонот
- садама ҳангоми боркашӣ
- дигар намудҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ, ки номбар нашуданд.