Илм ва фанноварӣ

ШАРҲИ ИСТИЛОҲ. Тайфун

Тайфун.  Дар луғатҳо ин истилоҳ тӯфон тарҷума шудаанд. Дар баъзе луғатҳои илмии форсӣ чарханд омадааст ва дар шаҳри он навиштаанд: сомонаи камфишоре, ки дар нимкураи шимолӣ дорои ҳаракати подсоъатгард ва дар нимкураи ҷанубӣ дорои ҳаракати соъатгард аст (Вожаҳои мусавваби Фарҳангистон).

Дар луғатҳои тоҷикӣ ҳар ҷо тӯфон омадааст.

Шарҳи истилоҳ: Тӯфони барф ё барфӣ

Тӯфони барф ё барфӣ низ яке аз намудҳои тӯфон аст, ки бо суръати қобили таваҷҷуҳи бод мушаххас мешавад. Он ҳаракати тӯдаҳои  барфро аз тариқи ҳаво гардон мекунад. Амали он миқёсан васеъ нест, метавонад то даҳҳо километр масофаро тай кунад.

Дар ин тӯфон фазо тира мешавад, ин ҳаракати мошинҳо ва одамонро дар роҳҳо мушкил месозад, метавонад...

Сагҳо ва кӯдакон. Ишора ба чанд иштибоҳи волидон

Саг қабл аз ҳар чизи дигар посбони хонаву дар аст ва одамони зиёде ҳастанд, ки дар хона саг нигоҳ медоранд. Баъзе хонаводаҳое, ки кӯдаки хурдсол доранд, мехоҳанд саг дошта бошанд, чун дар филмҳо мебинанд ва дар китобҳо мехонанд, ки сагҳо дӯстони вафодору шафиқ барои тифлонанд. Вале зиндагии воқеъӣ на ҳамеша шабеҳи афсона аст. Волидон қабл аз он ки тасмим гиранд барои фарзандонашон саг дошта бошанд, дар фикри амнияти онҳо низ бояд бошанд.

Ҳалокати киштии “Помир” 64 сол пеш

Ин ҳодиса охири тобистон ва аввали тирамоҳи соли соли 1957 рух дод. Киштии бодбонии “Помир” аз бандари Буэнос-Айрес ҳаракат кард. Бино ба маълумоти Донишномаи озод аз 86 сарнишини киштӣ 52 нафараш донишҷӯёне буданд, ки бори аввал ба сафари дури уқёнус мебаромаданд. Рӯзи 21 сентябр дар наздикии ҷазираҳои Азов «Помир» ба тӯфони «Керри» рӯбарӯ омад. Бояд зикр кард, ки тӯфони Керри пурқудраттарин тӯфони...

ДАҲШАТ ДАР ЗЕРИ ОБ. МЕДУЗАҲО. Заҳри як намуди он метавонад 60 нафарро кушад

Медузаҳо (юнонии μέδουσα) дар забони илмии тоҷикӣ бо ҳамин ном ёд мешаванд, вале дар забон форсӣ онро “арӯси дарёӣ” тарҷума кардаанд. Аз ҷумлаи бемуҳраҳо буда, дар шохаи марҷониён табақабандӣ мешавад. Ин мавҷудот қодир аст дар баҳру уқёнусҳо шино кунад. Аз қадимитарин мавҷудоти обӣ аст, ки ба гуфтаи олимон аз 650 миллион сол пеш ба инҷониб вуҷуд доранд.

Страницы