Соли 1953 дар як рустои ҷопонӣ одамон баногаҳ ба бемории комилан ношинос гирифтор шуданд. Он системаи асабро фаро мегирифт: беморон мувозинати ҳаракатро гум карданд, гӯшашон вазнин шуд, нури чашмашон ва фаҳму даркашонро аз даст доданд.
Духтурон ин гуна ташхис карданд: заҳролудшуда аз симоб. Вале симоб аз куҷо пайдо шуд? Дуруст аст, ки ин русто дар наздикии халиҷи баҳрӣ қарор дошт ва корхонаи кимиёвии минтақа партобҳои худ, аз ҷумла симобро ба он партов мекард. Вале миқдори симоб дар оби баҳр хеле ночиз буд.
Барои фаҳмидани сабабҳои ин рӯйдод лозим меояд гузаштаи дуртарро аз назар гузаронем. Мо медонем, ки дар табиат махлуқоти зиндае вуҷуд надорад, ки худ нахӯрад ва ғизо барои дигаре набошад.
Рустаниҳо барои аксари ҳашарот чун маводи ғизоӣ хидмат мекунанд. Ҳашарот бошанд сайди асосии қурбоқаҳоянд. Қурбоқаҳо ғизои дӯстдошта барои баъзе намуди морон, аз ҷумла мори обианд. Морҳоро уқобони морхӯр нӯши ҷон мекунанд. Дарандаҳо душманони азимҷусса надоранд, вале онҳоро аз ҳама бештар канаҳо ва дигар паразитҳо азият медиҳанд.
Ҳайвоноти номбурда сатҳи як ҳалқаи ғизоӣ мебошанд. Сатҳи аввал дар ҳамаи гуна занҷираҳо чун қоида рустаниҳои сабз ба шумор мераванд.
Дар ин занҷира сатҳҳои бешумор буда наметавонанд. Гап сари он аст, ки дар ҳар сатҳи оянда ҳаҷми биологӣ даҳҳо баробар кам мешавад. Аз ҳазор кило рустанӣ шоҳгавазн метавонад танҳо 100 килои бадани худро “бисозад”. Паланг барои он ки ҳаҷми бадани худро 10 кило афзоиш диҳад ба 100 кило гӯшти шоҳгавазн эҳтиёҷ дорад. Ин аст, ки дар занҷираҳои ғизоӣ маъмулан танҳо 3-4 сатҳ буда метавонад. Тибқи қонун ин пирамидаи зистмуҳитӣ номида мешавад. Ҳар зинаи баъдии ин пирамида хурдтар аз пешина аст.
Бахусус, занҷираи паразитии ғизо бисёр вақт дароз мешавад. Дар бадани ғоз паразит кирмаки пашша аст, дар худи кирмаки пашша кирми намотад паразит аст, дар кирмҳо бактерияҳо ва дар бактерияҳо вирусҳо паразит ба ҳисоб мераванд.
Нависандаи инглис Ҷонатан Свифт дар аввали асри XVIII мисраҳои ҳазломезе дар ин замина иншо карда буд, ки мазмунан чунин аст: Натуралистон дар паразитҳо паразит кашф карданд. Ва ин ҳамаро дар тааҷҷуб андохт. Ин яқин шуда, ки дар кайк боз кайк вуҷуд дорад. Ва микроскоп дар кана кана кашф кард, ки паразитҳоро мехӯрад.
Вале ҳоло мо мебинем, ки ин ҳама беохир нест ва занҷираи паразитӣ дар ким-куҷое ба поён мерасад.
Болотарин сатҳи ҳама занҷираҳо инсон аст. Дар ин ё он мамлакате, ки зичии аҳолӣ ҳар қадар баланд бошад, ба одамон зарур меояд, ки бештар ғизои рустанигӣ истеъмол намоянд. Ғизои сокинони Чин ва ё Ҳинд бештар бегӯшт аст. Дар таркиби ғизои сокинони Аврупо ва Амрико бошад гӯшт ва моҳӣ нисбатан бештар аст.
Ҳоло бармегардем ба ҳодисаи рухдода дар рустои Ҷопон. Он ҷо чӣ гузашт? Маълум мешавад, ки симоб чун дигар маҳсулоти заҳрогин метавонад дар занҷираи ғизоӣ аз сатҳ ба сатҳи дигар захира шавад. Таркиби симоб дар занҷираи ғизоӣ аз бактерияҳо, обсабзҳо то моҳиҳо бемайлон зиёд шавад. Симоб аз ҳама бештар дар организми моҳиёни ваҳшӣ: наҳангҳо, шӯртанмоҳӣ, самак (моҳии калони даранда) бештар аст. Симоби партобшуда дар обанбор аз тариқи моҳиҳои шикоршуда ба мизи хӯроки инсон гузошта мешавад. Ва рӯйдоди рустои ҷопонӣ ба ҳамин иртибот дорад, яъне аз таркиби гӯшти моҳиҳои шикорӣ меъёри симоб дар организми сокинони ин деҳа афзудааст ва сабаби беморӣ шудааст.
Дар бисёре аз кишварҳо, ки молюскҳои обиро истеъмол мекунанд, моҳигирон ин қоидаро риоя мекунанд: дар моҳҳое, ки дар таркибашон ҳарфи “р” надорад, молюскҳоро шикор намекунанд. Зеро дар ин моҳҳо онҳо барои ғизо лозим нестанд. Дар назари аввал ин қоида асрорест ва номафҳуму тасаввуфист. Вале ҳамаи инро метавон басо оддӣ фаҳмонд.
Дар моҳҳои гарм (дар нимкурраи шимолӣ ин ҳамон моҳҳоест, ки дар таркибашон ҳарфи “р” доранд) дар оби баҳрҳо маъмулан қамчинакдорони якҳуҷайра афзоиш меёбанд. Онҳо моддаи барои инсон заҳрогин доранд. Молюскҳо онҳоро истъмол мекунанд ва дар таркиби организмашон ин моддаҳо захира мешаванд ва дар ин айём онҳоро истеъмол кардан хатарнок аст.
Моддаҳои зарароварро инсон дар ҳар ҷо ва ҳар вақт набошад ба табиат партоб кардааст, аммо онҳо нобуд намешаванд ва бо ҳамин занҷираи ғизоӣ ба худи инсон бармегарданд ва ба саломатии вай зарар ё фоида мерасонанд.
Аз Донишномаи биология, Душанбе, соли 2021