Тӯфони барф ё барфӣ низ яке аз намудҳои тӯфон аст, ки бо суръати қобили таваҷҷуҳи бод мушаххас мешавад. Он ҳаракати тӯдаҳои барфро аз тариқи ҳаво гардон мекунад. Амали он миқёсан васеъ нест, метавонад то даҳҳо километр масофаро тай кунад.
Дар ин тӯфон фазо тира мешавад, ин ҳаракати мошинҳо ва одамонро дар роҳҳо мушкил месозад, метавонад сабабгори садамаҳои мудҳиш шавад, бахусус агар ин гуна тӯфон дар роҳҳои пурпечутоби кӯҳӣ рух диҳад. Он тӯлонӣ нест. Метавонад якчанд соат давом ёбад ва метавонад якчанд рӯз идома дошта бошад. Аммо ба мисли тӯфонҳои баҳриву тайфунҳо харобкор нест.
Бӯрон, боди сахт боиси тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво мешавад. Коҳиши дамо ва бориши шадиди барфу боди сард сабабгори яхбандиҳо мегардад. Хатҳои интиқоли барқ, пояҳои сустниҳоди рекломҳо, дарахтон ва симчӯбҳоро чаппа мекунад. Ях ҳаракат дар роҳҳоро мушкил месозад, муддате равуо дар роҳҳо метавонанд қатъ шаванд. Дар кӯҳҳо хавфи лағзиши тарма ва дар роҳҳо ба вуҷуд омадани кӯҳбарфҳо ё худ ғарами барфҳои сарозершуда аз талу тепаҳо вуҷуд дорад.
Дар ин тӯфон метавонанд одамон нопадид шаванд. Бахусус онҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои эълонҳо дар чунин ҳаво майли шикор мекунанд, чорвочаронӣ мераванд, мехоҳанд ҳезум оранд...Ин амалҳо боиси хатаранд ва сокинон бояд аз ин худдорӣ намоянд.
Тӯфони барфӣ дар шароти Тоҷикистон рух медиҳад ва шоҳиди ин ҳолатҳо ҳам будаем. Аз ин бояд эҳтиёт кард.