Ин ҳодиса охири тобистон ва аввали тирамоҳи соли соли 1957 рух дод. Киштии бодбонии “Помир” аз бандари Буэнос-Айрес ҳаракат кард. Бино ба маълумоти Донишномаи озод аз 86 сарнишини киштӣ 52 нафараш донишҷӯёне буданд, ки бори аввал ба сафари дури уқёнус мебаромаданд. Рӯзи 21 сентябр дар наздикии ҷазираҳои Азов «Помир» ба тӯфони «Керри» рӯбарӯ омад. Бояд зикр кард, ки тӯфони Керри пурқудраттарин тӯфони тропикӣ дар мавсими тӯфонҳои Антлантик ба шумор мерафт, ки соли 1957 ба қайд гирифта шуда буд. Керри аз мавҷҳои тропикии шарқии соҳилҳои ғарбии Африқо оғоз гирифта буд.
Капитани киштии дар гирдоби тӯфонмонда бонги изтироби SOS фиристод ва кумак хост. Ба ҷустуҷӯи киштии «Помир» 58 киштӣ сафарбар шуданд, вале алакай рӯзи 23 сентябр эълон шуд, ки ҷустуҷӯ дигар беҳуда аст ва «Помир» дигар вуҷуд надорад.
Рӯзи 24 сентябр аз як заврақи наҷот 5 донишҷӯ аз ҷумлаи сарнишинҳои «Помир»-ро дар ҳолати нимҷон пайдо карда буданд. Баъди чанде боз як донишҷӯи дигарро аз як қаиқе, ки алакай ба коми уқёнус мерафт, нимзинда берун кашиданд. Вале 80 сарнишини дигари «Помир» якҷо бо ин киштии таърихӣ дар обҳои уқёнуси Атлантик ба ҳалокат расиданд. Курсантҳои наҷотёфта қисса кардаанд, ки тӯфон ончунон зуд «Помир»-ро печонд, ки капитани киштӣ Дибиш дигар дар фикри наҷоти на киштӣ, балки танҳо сарнишинонаш буд ва фармон дод, ки ҳама бо худ захираи кофии сигору шароб гирифта, ба қаиқҳои наҷот бишинанд.
Ин чӣ киштӣ буд ва чаро “Помир” номида шуд?
Помир (олмонӣ: Pamir) — киштии бодбонии Олмон буд, ки соли 1905 сохта шуд. Онро ҳамчунин охирин киштии тиҷории бодбониии ҷаҳон меноманд, ки бар асари тӯфон 21 сентябри 1957 дар уқёнуси Атлантик дар наздикии ҷазираҳои Азор (галаҷазира дар қисми марказии Уқёнуси Атлантик, дар самти ғарбии нимҷаз. Пиреней. ) ғарқ гардид.
Киштии бодбонии чорсутунаи «Помир» ҳанӯз соли 1905 дар верф (коргоҳи киштисози)-и Ҳамбурги Олмон сохта шуда, тӯли ҳамаи 52 соли вуҷудаш таҳти парчами Олмон шино кардааст.
Киштии «Помир» дар асл рабте ба Тоҷикистон надорад. Албатта, ба ҷуз номаш, ки ба шарафи кӯҳҳои Помир гузошта шудааст. Дар ибтидои садаи XX ширкати олмонии «F. Laeisz» дар верфи Ҳамбург сохтани 65 киштии бодбониро фармоиш дод, ки бо номи «Лашкари П-ҳои паррон» машҳуранд. Исми ҳамаи ин киштиҳо бо ҳарфи П сар мешуд: «Pacific», «Peru», «Panama», «Persia», «Princess», «Pamir»… Киштиҳо аз «Лашкари П-ҳои паррон» бо суръати рекордии худ маъруфанд ва онҳоро маллоҳон ба ин далел «windjammer» — бодкаш ҳам ном мебаранд.
Киштии «Помир» дар соли 1932 дар мусобиқаи киштиҳои бузурги бодбонӣ дар гирди дунё бо номи «Weizenregatta» сазовори ҷои аввал шуд. Аммо дар миёнаи садаи XX бо рушди саноати киштисозӣ умри киштиҳои бодбонӣ низ ба поён омад. Киштии «Помир» ва киштиҳои дигарро бояд ба оҳанпора супурда, реза мекарданд. Вале киштидори олмонӣ Шливен соли 1950 дар бандари Антверпен ду чунин киштӣ -«Помир» ва «Пассат»-ро аз марги ногузир аз дасти арраҳои оҳанбурӣ наҷот дод. Шливен ҳарду киштиро харида, ба бандари Любеки Олмон бурд. Вале Шливен баъди чанде варшикаста шуд ва соли 1955 Ҷамъияти «Пассат» ва «Помир» ташкил шуд, ки ҳарду киштиро ба киштиҳои таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои маллоҳӣ табдил дод. Ҳамзамон ин ду киштӣ бояд барои кашондани ғалладона аз Аргентина ба Австралия истифода мешуданд.
Дар соли 2006 синамогарони олмонӣ бо сарварии коргардон Каспар Ҳайделбах дар бораи фалокати киштии «Помир» филми ҳунарие бо номи «Der Untergang der Pamir» («Ҳалокати „Помир“») ба навор гирифтанд. Дар нақши киштии ҳалокшудаи “Помир” киштии маъруфи “Седой” истифода шуда буд. Ривояти ҳалокати киштии “Помир” ҳамон тӯфони ҳалокатборе буд, ки боло аз он ёд кардем.
Бо таҳрир аз “Донишномаи озод”