Канаҳо ҷонвароне мебошанд, ки намудҳои зиёд доранд. Олимон мегӯянд то кунун наздик ба 30 ҳазор намуди кана кашф шудааст. Аз ҷумлаи паҳншудатарин ҳашарот буда, онро ҳам дар рӯйи замин ва ҳам зери хок метавон дид, дар рӯйи об ва дар зери об ва ҳатто дар ҳаво метавон пайдо кард.
Канаҳое, ки ба одамон ҳамла мекунанд, чӣ гунаанд?
- бадани ҳамвор доранд;
- онҳо наметавонанд чун кайк ҷаҳанд ва ё чун пашша парвоз кунанд, вақте қурбонии худро интихоб мекунанд, хазида ба вай мечаспанд;
- вабаста ба синну солашон канаҳо дорои се ё чор панҷаанд.
- канаҳо чашм надоранд ва қурбонии худро аз бӯяш мешиносанд;
- аз рӯи намуди зоҳирӣ хеле мушкил аст канаи хатарнокро муайян кард. Канаҳое, ки дорои вирус энтсефалит мебошанд, аз канаҳои маъмулӣ нишони фарқкунанда надоранд.
Бемориҳое, ки канаҳо паҳн мекунанд:
Боррелиоз ё худ бемории Лайма – касалии бактериявӣ, ки дар ҳоли шиддат ёфтан метавонад боиси хароб шудани системаи асаб, аз байн рафтани хотира ва дард дар бандҳо гардад. Дар айни замон ин беморӣ ягон ваксина надорад.
Энтсефалити кана – бемории вирусӣ, ки мағзи сарро хароб мекунад ва паёмадҳои фалокатборе дорад. Бино ба оморҳои илмӣ аз 100 кана 6 кана барангезандаи ин вирус буда метавонад ва аз 2 то 6% ксоне, ки ин канаҳо газидаанд, ба ин беморӣ мубтало мешаванд.
Вокунишҳои аллергӣ ва илтиҳоб дар ҷойи газида. Ҷойе, ки кана газидааст, сурх мешавад, доначае дар шакли ҳубоб зоҳир мегардад. Агар кана нодуруст аз бадан дур карда шавад, метавонад беморӣ шиддат гирад.
Канаро аз бадан чӣ гуна метавовн берун кашид?
Агар ба ҳар ҳол кана шуруъ ба макидани хун кард, пас басо фавриву зуд онро бояд аз бадан берун намуд. Барои ин кор василаҳои зиёдеро истифода мекунанд, ки самаровартарини он мӯчинак, ришта ва ё таҷҳизоти махсус аст. Ҳеч гоҳ болои кана равған ва ё моддаи бӯйдор нарезед ва онро насӯзонед. Ин гуна амалҳо канаро водор мекунанд жарфтар дар пӯст фурӯ равад. Дар натиҷа онро метавон хеле ба мушкил берун кард.
Бо василаи мӯчинак:
- Бо мӯчинак канаро аз наздикии ҷойе доред, ки ба пӯст фурӯ рафтааст.
- Канаро наҷунбонед, басо сахт, вале оҳиста боло кашед. Агар шумо саросема шавед, ҷоғи кана дар дохили пӯст мемонад. Худи ин қисмати бадани вай наметавонад касаловар бошад, вале метавонад сабаби илтиҳоб гардад.
- Баъди он ки канаро аз пӯст ҷудо кардед, ҳатман захмро бо маҳлулҳои антисептикӣ ё спирт бишӯед, дастонатонро низ бо собунҳои зиддибактерӣ бишӯед.
- Канаро дар ягон зарф андозед, то баъдтар барои ташхис супоред.
Бо василаи ришта:
- Як риштаи хеле борикро бигиред, барои ин кор ҳатто риштаи аз либоси танатон бароварда ҳам кофист.
- Онро гирди сари кана ҳалқа кунед ва бо он бикашед.
- Бо ришта канаро ба боло кашед.
- Боз ҳам баъди берун овардани кана ҷойи захмро пок кунед, дастонатонро бишӯед.
ДОНИСТА БОШЕД: Ҳар қадар зудтар канаро аз пӯстатон ҷудо кунед, ҳамон андоза худро аз хатари бештар ворид шудани моддаи бемориовар наҷот медиҳед!
Вақте шумо ба бемористон муроҷиат кардед, дигар духтурон маслиҳатҳои муфид медиҳанд ва тибқи он бояд амал намоед!
ЁРИҲОИ АВВАЛИН БА КАНАГАЗИДА
Канаҳо ба инсон бештар моҳҳои апрел ва май ҳамла мекунанд ва баъдан фаъолнокии онҳо коҳиш меёбад ва мавҷи дуввуми ҳамалаи кана ба инсон моҳҳои сентябр-октябр оғоз мешавад. Зимистон канаҳо мехобанд, канаи гурусна ҳамин ки аввалин нурҳои офтоби баҳориро ҳис мекунад, зуд аз камингоҳ берун мешавад ва ба аввалин қурбонии худ дармеуфтад.
Бемориҳо бар асари газидани кана баъди 20-25 рӯз рушд мекунанд. Агар дар ин муддат ҳарорати бадани шумо ба 38-40 дараҷа расид, саратон сахт ба дард даромад, дилбеҳузуриро ҳисс кардед, дидед, ки қайъ мекунем, иштиҳоятон гум ва рӯятон сурх шуд, пас бидонед, ки шумо дар ҳоли як хатар ба саломатӣ қарор доред ва зуд бояд худро ба духтур нишон диҳед. Илтиҳоби мағзии кана як бемории вирусие мебошад, ки системаи марказии асабро хароб мекунад. Осеб ба марказҳои нафас ва рагҳои ҳаракати хун ба мағзи сар метавонад ба фалаҷ шудани бемор ва ё марги ӯ оварда расонад.
Доманаи канаи сибирӣ низ як бемориест, ки инсон басо вазнин пушти сар мекунад, ҳарчанд шифо меёбад ва паёмадҳои вазнин надорад.
Воситаи муҳими ҳимоя аз сироят ба энтсфалити кана ин пешгирӣ бо василаи эмгузаронист, ки дар дармонгоҳҳои маҳалли истиқомат анҷом дода мешавад. Одамон бояд зидди ин беморӣ худро ду маротиба, бори аввал моҳҳои октябр-ноябр ва бори дуюм 5-7 моҳ баъди он, яъне моҳҳои март-апрел эм кунанд. Ва баъдан ҳар се сол баъд як маротиба эм кардан зарур аст.
Ҳодисаҳои газидани кана ҳам дар бешаву даштҳо ва ҳам дар шаҳрҳо сурат мегирад. Ҳолатҳое ҳам ҳастанд, ки канаҳо ба одамон аз гурбаву сагҳои хонагӣ мегузаранд.
Кана бедард мегазад, зеро оби даҳони вай дорои моддаи таскиндиҳандаи дард мебошад. Аммо аз тариқи ҳамин модда вирусҳое ба бадани инсон ворид мешаванд, ки ӯро ба беморӣ оварда мерасонанд. Канаҳо бештар дӯст медоранд, ки дар қисматҳои сермӯи бадан ҷо гиранд, бахусус дар сар, тахтапушт, қафаси сина, зери бағал ва ғайра.
МУҲИМ АСТ АЗ ГАЗИДАНИ КАНА БА ВОҲИМА ДОДА НАШАВЕД!
Таҳияи Б.Шафеъ.