ЧӢ БОЯД КАРД АГАР ШУМОРО ЗАНБӮР ГАЗИД...

ЗАНБӮР Ё ОРУ (лот. Anthophila) номи умумии чанд навъ ҳашароти нешдор аст, ки барои илм бо имрӯз бештар аз 22 ҳазор намуди он маълум мебошад. Ин ҳашараҳо дар кулли қаламрави Замин дида мешаванд, аммо онҳо бештар дар манотиқи тропикӣ ва субтропикӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Бояд гуфт, ки аксари занбӯрҳо фоиданоканд, онҳо ҳашароти зараррасонро нобуд ва рустаниҳоро гардолуд мекунанд. Аммо дар миён занбӯрҳои зараровар низ ҳастанд. Чанд оилаи ҳашароти дигар масалан Vespoidea, Scolioidea, Mutilloidea, Chrysidoidea ва ғайра низ ба оилаи занбӯрҳо мансуб мебошанд.

Дар миёни ин ҳама занбӯри асал (номи илмӣ:  Apis mellifera) барои мо бештар ошност. Занбӯри асал як ҳашарот аз оилаи пардаболон аст ва дар аксари кишварҳои олам паҳн шудаву аз қадим одамон зарару фоидаҳои онро медонистанд. Асале, ки аз он магиранд, давои бемислест. Зикри ин ҳашара ва асали он дар кулли китобҳои муқаддас омадааст.

Дар замонҳои қадим занбӯрони асаловар новобаста аз одамон дар ҷангалҳо, дар шохи дарахтон мезистанд ва ҷӯяндагони асал онҳоро дар он маконҳо меёфтанд, аммо касе ғами он надошт, ки асалсозӣ идома кунад, баръакс “шаҳраки занбӯрони асалро” валангор мекарданд. Вале ҳамон замон ҳам ҷустуҷӯи хонаи занбӯри асал мушкил буд, чун занбӯрҳо метавонистанд одамонро сахт ва бераҳмона газанд. Занбӯрҳое, ки аз асал маҳрум мешуданд, дигар наметавонистанд зимистонро гузаронанд, имкон надошт дар он хонаҳои валангоршудаи занбӯр соли оянда асал ҷамъоварӣ кард.

Тадриҷан одамон занбӯрони асалро омӯхта карданд. Барои ин онҳо аввал истиқоматгоҳи сунъӣ сохтанд, дар он ашёи сӯрохдор гузоштанд, ба дохили он зеҳ илова карданд, ки дар он занбӯрҳо шонаи асал гузоштанд. Бо мурури замон вақте ҷангалзорон кам шуданд, хоҷагиҳои занбӯри асалпарварӣ ба вуҷуд омаданд. Парвариши занбӯрҳоро дар назди хонаҳо ба роҳ монданд.

ҲАМЛАИ КАЖДУМҲО ДАР МИСР: СЕ НАФАР ҲАЛОК ВА САДҲО ТАНИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДАНД

Дар бораи хосияти асалу занбӯри асал метавон соатҳо ҳарф зад, вале ин аз доираи мавзӯи суҳбати мо берун аст. Танҳо ба ин метавонем таъкид кунем, ки неши занбӯрҳои мода хордор буда, дарозии он ҳудудан 1 миллиметр аст. Аз сабаби мавҷуд будани ҳамин хорҳо вақте занбӯри мода неш мезанад, он неш бо заҳр дар гӯшт фурӯ меравад ва боқӣ мемонад ва занбӯри нешзада дар муддати чанд диқиқаи дигар мемирад. Баъзеҳо мегӯянд, ки занбӯрҳо дидаву дониста неш мезананд, вале ин иштибоҳ аст, онҳо надониста ин корро мекунанд ва мемиранд.

Аммо на танҳо неши занбӯрони асал, балки неши кулли ҷонварони ин оилаи ҳашаротҳо, аз ҷумла оруҳо, говзанбӯрҳо ва ғайра дардоваранд ва дар ҷойи газидаи онҳо фавран сӯзиш пайдо мешавад, як муддат варам мекунад. Газидани занбӯрҳо аз он ҷиҳат хатарнок аст, ки метавонад сабаби вокунишҳои аллергӣ дар организм шаванд.

Ёрии авалин ба занбӯргазида фавран бартараф кардани неши боқимонда он дар бадан аст, ҷойи газидаро бо оби сард шустан ва истифодаи доруҳои антиҳистоминӣ (анг. Antihistamine – яке аз раддаҳои доруии пурмасраф аз қабили димедрол, супрастин ва ғайра барои ҳассосият ё илтиҳоб мебошанд). Вале агар эҳсос шавад, ки дар бадани шахси занбӯргазида нишонаҳои вокунишҳои аллергӣ пайдо шуд, пас фавран бояд ба духтур муроҷиат намуд.

САГҲО ВА КӮДАКОН. ИШОРА БА ЧАНД ИШТИБОҲИ ВОЛИДОН

Хатар на дар неши занбӯр аст, балки дар заҳрест, ки ин ҳашара дар баробари газидан аз тариқи неш мепошад. Заҳри ҳашарот аз омехтаи сафедаҳои гуногун иборат аст ва баъзан ин ҳолати аллергиро ба вуҷуд меорад, ки нишонаҳояш инҳоянд: пайдоиши доначаҳои сурхе, ки дар бадан хоришро ба вуҷуд меоранд, дилзанӣ, сардардӣ, дилбеҳузурӣ, дард дар миён ва устухонҳо, варами рӯй, боло рафтани ҳарорати бадан, ларзиш дар бадан, вараҷа, делбеҳузурӣ, қайкунӣ (истифроғ), нафастангие, ки монеъи берун шудани нафас мешавад, ихтилоҷ (рагкашӣ) ва аз ҳуш рафтан. Ин гуна вокунишҳои аллергӣ метавонанд аз газидани ҳар гуна ҳашарот ба вуҷуд оянд.  Аз газидани як ҳашарот дарду сӯзиши хеле кутоҳмуддат ҳисс мешавад ва баъдан сурхие дар ҷойи газида бо варами начандон калон ҳам пайдо мешавад. Ин варам ва ин сурхӣ маъмулан баъди 1-5 рӯз гум мешавад, вале дар рӯй он метавонад то 8 рӯз ҳам боқӣ монад.

Тадбирҳои аввал баъди газидари  занбӯр:

  1. Аввалин коре, ки бояд анҷом диҳед, он аст, ки аз ҷои неши занбӯр хартумаки онро оҳиста бо ёрии мӯчинак ва ё нохунҳоятон берун кашед. Тавсия намешавад, ки ба он бо ангӯштонатон фишор оред, зеро ин амал метавонад сабагори паҳн шудани заҳр шавад.
  2. Ба ҷойи занбӯргазида дока ё пахтаи таркардашуда ба ягон маҳлули антисептикӣ ва ё спирти навшодир, маҳлули перманганати калий ва ё намакоб (як қошуқча дар як истакон об) гузоред.
  3. Ба ҷойи занбӯргазида чизи сард гузоред. Барои ин метавон зарферо истифода бурд, ки оби сард дорад. Сардӣ дард ва варамро коҳиш медиҳад.
  4. Ба шахси занбӯргазида оби зиёд нӯшонед.
  5. Дар сурати пайдо шудани нишонаҳои вокунишҳои шадиди аллергӣ бадани ҷабрдидаро бояд пӯшон, ба вай бештар гармӣ бояд дод, ду ҳабби димедрол, 25-30 қатра кордиамин бояд нӯшонд. Ва фаврану бетаъхир бояд мошини ёрии таъҷилӣ даъват намуд ва ё оҷил ба наздиктарин муассисаи тиббӣ бояд расонд.
  6. Дар ҳолате агар қалби ҷабрдида аз задан бозмонд ва дидед, ки дигар нафас намекашад, то омадани мошини ёрии таъҷилӣ ё расидани духтур аз бунгоҳи тиббӣ ба вай нафаси сунъӣ диҳед ва маҳси пӯшидаи дил гузаронед. 

Таҳияи Б.Шафеъ.