Афтиши як сайёраки (астероид) бузург ба Замин на танҳо динозаврҳоро ба ҳалокат расонд, балки дигар намуди организмҳои зиндаро аз миён бурд. Ин рӯйдод бино ба гуфтаи олимон 66 миллион сол пеш рух додааст. Бар асари ин ҳодиса дар рӯи Замин ҷангалҳои тропикӣ пайдо шудаанд. Донишмандон баъди кашфу омӯхтани баргҳои сангшуда ва гарду ғубор дар Колумбия ба ин натиҷа расидааст.
Онҳо мегӯянд наздик ба 66 миллион сол пеш ҷирми осмонии қутраш 12 км ба Замин бархӯрд. Дар ҷойи афтиши он танураи Чиксулуб дар қаламрави имрӯзаи Мексика пайдо шуд. Ҳоло донишмандон ба хулосае омадаанд, ки баъди ҳодисаи мудҳиши Амрикои Ҷанубӣ олами набототи Замин куллан дигар шуд.
Моника Карвалю аз пажӯҳишгоҳи Smithsonian Tropical Research Institution Панама ва яке аз муаллифони мақолае, ки дар маҷаллаи обрӯманду машҳури Science чоп шудааст, мегӯяд дастаи олимон маълумотҳои беш аз 50 ҳазор нусха гарди сангшуда ва беш аз 60 ҳазор баргҳои сангшударо, ки мутааллиқ ба давраи то ва баъди афтиши астероид мебошанд, мавриди таҳқиқ қарор доданд. Олимон ба натиҷа расидаанд, ки то исобати астероид дар нимҷазираи имрӯзаи Юкатани Мексика дар ҷангалҳои тропикии Амрикои Ҷанубӣ дарахтони сӯзанбарг ва папоротникҳо афзалият доштанд.
Аммо баъди бархӯрди ин сайёрак, ки басо харобиовар буд, гунгунрангии рустаниҳо то ба 45% коҳиш ёфт. Бисёр гунаҳои рустаниҳо мурданд. Дар муддати шаш миллион соли оянда бешаҳо дубора эҳё шуданд.
Сохтори ҷангалҳои тропикӣ низ дар ин муддат тағйир ёфтанд. Дар давраи табошир, вақте динозаврҳо ҳоло зинда буданд, он ҷо дарахтон камтар мерустанд. Шоху барги онҳо ба ҳам намеомаданд ва нури хуршед ба хок мерасид. Аммо баъди он ки шохсорон ба ҳам расиданд, дарахтон наздику бешумор шуданд, дигар нурҳои хуршед дар хок намерасид.
Дар замони мо бешаҳои тропикӣ зичу анбӯҳ ва ҳам назар ба давраи динозаврҳо намноканд. Аммо чаро баъди афтиши сайёрак (астероид) дар ҷойе, ки дарахтони сӯзанбарг хеле кам мерӯиданду нашъунамо доштанд, якбора бешазорони сердолу дарахт бо рангҳои рушан пайдо шуданд?
Бар асоси таҳқиқи баргҳо ва ғубори сангшуда олимон ба ин суол се посух доранд. Аввалан, динозаврҳо эҳтимолан ба дарахтон имкон намедоданд, ки зич сабз шаванд ва рустаниву дарахтони навруста дар ҷангалро зери пой мекарданд.
Дуюм, хокистаре, ки баъди ин бархурд ба замин рехт, онро пурбор кард ва хок имкони сабзонидани рустаниву дарахтони гуногуну гулдорро ба даст овард.
Ва сеюм, маргумири сӯзанбаргҳо боис шуд, ки рустаниҳои гулдор рушду нумӯъ кунанд.
Донишмандон мегӯянд ин се ғоя ҳамдигарро пурра мекунанд ва онҳо ҳар кадом то ба ҳадде метавонистанд ба он оварда расонанд, ки имрӯз мо дорем.