Донишмандон: “Марги сиёҳ” дар олам аз Иссиқ-кӯл паҳн шудааст

Донишмандони аврупоӣ эълон кардаанд, ки билохира манбаъи сирояти тоуни хиёракӣ ба минтақа дар асри XIV-ро, ки сабаби марги миллионҳо тан дар қораи Аврупо, Африқо ва Осиё шуда буд, муайян кардаанд. Бино ба гузорише, ки ахиран ВВС интишшор дод, муҳаққиқони Донишгоҳи шотландии Стерлинг, Донишгоҳи олмонии Тюбинген ва Институти физикаи ҷамъияти Макс Планки Олмон дандони одамонеро мавриди таҳлилу ташхис қарор додаанд, ки дар наздикиҳои кӯли Иссиқ-кӯл ба хок супурда шудаанд. Ва ба хулосае омадаанд, ки аввалин бор тоун дар қаламрави Қирғизистони имрӯза солҳои 1330 паҳн шуда будааст.

Мавриди ба ёдоварист, ки эпидемияи тоун бузургтарин дар таърихи башар буд, ки дар саросари олам ҷони садҳо миллион нафарро ситонд. Бо вуҷуди он ки то кунун даҳҳо таҳқиқот гузаронида шуда буд, вале боз ҳам макони аввалини густариши ин беморӣ барои илм номуайян буд. Бино ба оморҳои расонашида дар эпидемияи тоун то 60% аҳолии Аврупо ба ҳалокат расида буд. 

 

Дандонҳо манбаъи иттилои илмӣ

Иссиқ-кӯл замоне таваҷҷуҳи олимонро ба худ кашид, ки онҳо ба натиҷа расиданд, ки солҳои 1338-1339 маҳз дар ҳамин минтақа аз хоки олам маргумир ба шиддат афзуд. Доктор Мария Спир аз Донишгоҳи Тюбинген гуфт, ки муҳаққиқон ДНК-и 7 нафар касонеро аз назар гузарониданд ва мавриди омӯзиш қарор доданд, ки ба тахмин ҳамон солҳо тарки олам карда буданд. 

Олимон бештар ба дандонҳо диққат доданд, зеро дар даҳони инсон рагҳои зиёди интиқолдиҳандаи хун вуҷуд доранд ва имкони кашфи аз хун ба хун гузаштани бемориҳо бештаранд. 

Дар боқимондаҳои се нафар аз ин ҳафт тан онҳо чӯбчаи тоунии Yersinia pestis-ро кашф карданд.

Таҳқиқоти мо ба суолҳое посухи илмӣ медиҳанд, ки асрҳо олимон сари он меандешиданд ва мехостанд билохира ба ин пурсиш посух пайдо кунанд, ки тоуни кушанда аз куҷо сар берун кард ва дар олам паҳн шуд”, - мегӯяд Филип Славин, муаррих аз Донишгоҳи Стерлинг. 

Аммо олимон ҳоло афсӯс мехӯранд, ки таҳқиқоташон маҳдуд буд, дар ҳоле, ки ташхиси гӯрҳои бештар ба суолоти зиёди дигар посухҳои илмӣ медиҳад. 

Натиҷаи ин таҳқиқот дар маҷаллаи илмии  Nature таҳти унвони “Сарчашмаи Марги сиёҳ дар ноҳияҳои марказии Авруосияи асри  XIV» чоп шудааст.

 

Аммо то кунун илм дар бораи эпидемияи тоун чӣ медонист?

ТОУН як бемории уфунии муштарак байни инсон ва ҳайвон аст, ки барангезандаи он чӯбчаи тоун (лотинии  Yersinia pestis) мебошад. Онро моҳи июни соли 1894 Александр Йерсени фаронсавӣ ва Китасато Сибасабурои ҷопонӣ кашф карда буданд. Паҳнкунандагони ин бемории ҳамагир хояндаҳо – суғурҳо, юрмонҳо, юрмони зард, мушҳо ва калламушҳо, харгӯшсонҳо, гурбаҳо, ҳамчунин уштурон буданд. Аммо ба одамон бештар аз тариқи 55 намуди кайкҳо гузаштанд.

Аввалин пандемияи он, ки дар таърих машҳур аст, “Тоуни Юстиниановӣ” номида мешавад, ки аз соли 551 то 580 идома доштааст. Он аз Миср оғоз шуда, кулли олами мутамаддини он замонро фаро гирифтааст ва боиси марги бештар аз 100 миллион нафар шудааст. 

Дар асри 16 дар Аврупо эпидемияи мудҳиши “марги сиёҳ” гузашт, ки он аз Чини Шарқӣ омада буд. Солҳои 1320-1330 эпидемияи тоун аз Чин шуруъ шуд ва ба кулли қаламрави Осиёи Марказӣ паҳн гардид, ба Ховари Миёна ва Миср расид. Манбаъҳои таърихии исломӣ дар бораи талафоти сангини он зиёд навиштаанд. Соли 1346 тоун ба Қрим ва аз он ҷо ба Аврупо расид. Танҳо соли 1348 аз он қариб 15 миллион нафар фавтиданд, ки ин аз чор як ҳиссаи аҳолии Аврупо буд. Соли 1351 он Лаҳистонро фаро гирифт. Соли 1352 аз тоун дар Аврупо 25 миллион нафар ҳалок шуданд, ки ин сеяки аҳолии Аврупо буд. Солҳои 1350—1352 аз Балтика ба Псков, Новгород расид ва аз ин ҷо ба кулли қаламрави Русия паҳн шуд. Омори талафот дар Русия нест, вале гуфта мешавад, ки аҳолии баъзе шаҳрҳо (Белоозеро, Глухов) пурра ҳалок шуданд ва дар миёни онҳо худи князи бузург Симеон Гордий (Семён Иванович (1317-1353) князи Москав ва князи бузурги Владимир, аз соли 1346 то охири умр князи бузурги Новгород) ва ду писари хурдсоли вай ҳам буданд.

Дар Русия дар солҳои 1654-1655 аз тоун наздик ба 700 ҳазор нафар ҳалок шуданд. Эпидемияи бузурги Лондон дар солҳои 1664-1665 қариб чор ҳиссаи аҳолии ин шаҳрро нобуд кард. 

Солҳои 1720 – 1722 аз эпидемияи ба истилоҳ тоуни хиёрак дар Марсел (шаҳри бандарӣ дар Фаронса) ва як қатор шаҳрҳои Прованс (вилояти таърихӣ дар ҷануби Фаронса) ҷони 100 ҳазор нафарро гирифт.

Соли 1771 бори дигар дар Русия тоун паҳн шуд ва он ба Империяи Усмонӣ расид. Соли 1771 дар Москав ҳар рӯз аз ин беморӣ то ҳазор нафар ҳалок мешуданд ва фирори соҳибмансабон, шахсиятҳои машҳур боиси беназмиҳо шуда буд. 

Сеюмин ҳамагирии тоун дар охири асри 19 боз ҳам аз Чини Марказӣ ва Ҷанубӣ оғоз гардид. Танҳо дар Ҳинд аз он 6 миллион нафар мурданд. Ва дар асри 20 эпидемияи тоун дар Ҳинд буд ва тибқи оморҳо солҳои 1898—1963 аз ин беморӣ дар ин кишвар 12 миллиону 662,1 ҳазор нафар ҳалок шуданд. 

Тоун ҳоло ҳам дар олам як бемории сироятӣ ва кушанда аст, аммо на мисли замонҳое, ки зикрашон дар боло рафт. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз соли 1989 то 2004 дар 24 кишвари дунё наздик ба 40 ҳазор ҳодисаи сироят ба тоун ба қайд гирифта шудааст, мизони маргумир 7% сироятшудагон будааст. 

Ва боз: Дар давраи солҳои 2010 то 2015 дар саросари олам 3248 ҳодисаи сироят ба ин беморӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки 584 нафари онҳо фавтиданд.

Тоуни хиёракӣ миёни мардум бо номи “Марги сиёҳ” машҳур аст ва сабаби чунин ном гирифтани ин беморӣ он буд, ки қисматҳои гуногуни бадани инсон, бахусус даст ва пойи онро сиёҳ мекард.

 

Таҳияи Б. Шафеъ.