ХУШКСОЛӢ ЧИСТ?

Беборонӣ, бидуни борандагӣ. Ҳолати камобӣ аст, ки тайи он як минтақа бо камбуд ба захира ва манбаъҳои обӣ  рӯбарӯ мешавд. Аз ин таъриф метавон натиҷа гирифт, ки давраи камобӣ нисбат ба як минтақаи хос дар назар аст.

Як пажӯҳиши байналмилалӣ нишон додааст, ки 150 таърифи гуногун аз хушксолӣ дар навиштаҳои мухталифи илмӣ матраҳ шудаву ба чоп расидааст.

Ду намуди хушксолӣ маълум аст: хокӣ ва атмосферӣ

Хушксолии хокӣ аз он рух медиҳад, ки муддати тӯлонӣ дар он минтақа борон намеборад. Замин то умқ хушк мешавад ва ҳатто системаи решаҳо ниёзи шадид ба намӣ пайдо мекунанд. Нарасидани об ба он оврада мерасонад, ки рустаниҳо ё хеле ба мушкил рушд мекунанд ва куллан хушк мешаванд. 

Сабабҳое, ки боиси хушк шудани хок мешаванд:

  • Камбуди рутубат дар замин пас аз зимистони камбарф;
  • Камбуди манбаъҳои об аз тирамоҳи гузашта.

Хушксолии атмосферӣ ба сабаби аз ҳад зиёд бухор шудани об бар асари гармии офтоб ва намии паст дар  ҳаво ба амал меояд.

Хушксолии кишоварзӣ ё зироатӣ, ки ба ҳосилнокии заминҳои кишт таъсир мерасонад. Ин вазъият ҳамчунин метавонад мустақил аз ҳар тағйире дар сатҳи борандагӣ рух диҳад. Ин ҳамон замонест, ки кишоварзон обёрии заминҳоро афзоиш медиҳанд ва ё берун аз ин ҳама эрозияи хок монеъи рушд мешавад ва тадриҷан нарасидани об ба майдонҳои кишт эҳсос мегардад. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин хушксолии анъанавӣ, ин аз сабаби муддати тӯлонӣ наборидани борон дар баҳору барф дар зимистон ба амал меояд.

Хушксолии гидрологӣ замоне рух медиҳад, ки захираи об дар манбаъҳое чун суфраҳои обзо, кӯлҳо ва обанборҳо шадидан коҳиш меёбанд ва онҳо дигар қодир ба таъмину рушду нумӯи рустаниҳо намешавад. Хушксолии гидрологӣ тадриҷан рух медиҳад, чун вобаста ба захираҳои обест, ки истифода мешавад, вале дубора пур намешавад. Ҳамин гуна хушксолӣ соли 2007 дар Қазоқистон рух дода буд, ки Бонки ҷаҳонӣ ба кумак расид ва барои ҷуброни зарар ва бартараф кардани он пули зиёд ҷудо карда буд. 

Хушксолии иқтисодӣ-иҷтимоӣ. Таъмини бисёре аз колоҳои иқтисодӣ, аз қабили об, хӯрокворӣ, ғалла, моҳӣ, энергияи барқӣ-обӣ вобаста ба обуҳавост. Ба иллати тағйироти табии иқлим об дар баъзе солҳо фаровон аст, аммо дар солҳои дигар қодир ба таъмини ниёзҳои инсонӣ ва муҳити зист нест. Камобии иқтисодӣ-иҷтимоӣ замоне рух медиҳад, ки мизони ниёз барои об аз мизони мавҷудаи он бештар мешавад, ки ин дар ниҳоят ба варшикастагии манбаъҳои об оварда мерасонад. Ин навъ хушксолӣ метавонад ба сурати ғайримустақим аз тағйироти вазъи обу ҳаво таъсир пазирад, аммо дар воқеъ дар он бисёре аз омилҳои инсонӣ ва мудириятӣ нақши босазо дорад. Хушксолии иқтисодӣ-иҷтимоӣ бештар маҳсули тарроҳӣ ва барномарезии ғайриилмӣ мебошад.

Хушксолӣ метавонад маҳаллӣ (маҳдуд), минтақавӣ (дар ҳудуди як вилоят ё ноҳия) ва ҷаҳонӣ бошад.

ЧАНД НАМУНА АЗ ХУШКСОЛӢ ДАР ОЛАМ

Хушксолӣ дар Иллинойс дар солҳои 1988−89. Яке аз мудҳиштарин хушксолиҳо дар таърихи ИМА, ки 60 миллиард доллар зарар оврадааст. Ин хушксолӣ сабабгори аз байн рафтани ҷуворимакка ва сар задани сӯхторҳое шудааст, ки ҳазор нафар аз он ҷон бохтаанд.

Хушксолии соли 2014 Испания. Мудҳиштарин офати табиӣ буд, ки дар 150 соли охир ба сари ин кишвар омад. Ин хушксолӣ ба олам низ таҳдид мекард. Хавфи камбуди  ранғани зайтун ба миён омад. Кор ба ҷойе расид, ки гумон мекарданд дар ин кишвар кулли захираҳои оби нӯшокӣ аз байн меравад.

Хушксолии бузурги Австралия дар соли 1829. Ин хушксолӣ ба ҳадде даҳшатнок буд, ки ягон деҳқон безарар намонд. Кулли ҳосили кошташудаву сабзшуда дар айни нумӯъ хушкид. Одамон аз ноилоҷи дар ҷустуҷӯи ҷою макони дигари барои ҳаёти мусоид қисмати ғарбии Австралияро тарк мекарданд. 

Хушксолии соли 1888 Шохи Африқо. Ин сарзамин аслан худ як қаламрави хушк аст. Вале он сол ин хушкӣ басо таҳдидовару даҳшатнок буд. Аз сабаби беборишӣ гуруснагӣ ба ҷони мардум таҳдид кард. Дар Эфиопия, Сомалӣ ва Судон наздик ба як миллион нафар ҷон бохтанд. 

Хушксолии Техасс, солҳои  2010−2011. Он ба мисли хушксолии соли 1988 чандон даҳшатовар ва қаламрави он низ густарда набуд. Вале тибқи омори расонаишуда сабабгори 5,2 миллаиард доллар зарар шуд. 

Хушксолӣ дар ИМА дар соли 1983. Баҳори он сол дер омад ва тобистонаш хушк. Даштҳои бузурги қисматҳои Ғарб аз беобӣ сӯхтанд. Дамои ҳаво чандин моҳ аз 40 дараҷа поин намешуд. Нафақат зироати киштшуда хушкид, балки одамон низ зиёд талаф шуданд.

Хушксолии Ҳинд, солҳои 1630-1632. Зарфи ду соли беборонӣ дар ин кишвар бештар аз 2 миллион нафар ҷон бохтанд. Ин яке аз бадтарин хушксолиҳо дар таърихи Ҳиндустон дониста мешавад.

Хушксолии Ветнам дар соли 1944. Он сол барои кулли деҳқонони ин кишвар як соли даҳшат буд. Дар аввал хушксолӣ 20% ҳосили киштшударо нобуд кард. Баъдан паразитҳо ҳамла карданд. Ва ба дунболи ин ҳама обхезиҳо зарар расонданд ва илова ба ҳамаи ин боз ҷанг ба хоҷагиҳои зарарҳои ҷуброннопазир расонд.

Хушксолии соли 1850 дар Австралия. Шадидтарин гармо ва хушксолӣ, ки асри 19 назири онро кам дидааст. Аз сабаби беборишӣ ва дамои гарм ва гуруснагӣ одамони зиёд ва ҳайвонот дар Уэлси Нави Ҷанубӣ ба ҳалокат расиданд.

Хушксолии соли 2010 дар Чин. Танҳо аввали моҳи июн аз ин хушксолӣ 35 миллиону нафар зарар диданд, 4,3 миллион нафар ба камбуди об дар тӯли сол рӯ ба рӯ гаштанд. Зарари молии расида 15 миллиард юан (2,3 миллиард доллар) эълон гардид. Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки 24 июни ҳамон сол ба 3,65 миллион нафар одам ва 3,47 миллион сар чорво дар ноҳияҳои мухтори Гансу ва Шанси оби нӯшокӣ намерасид. Дар бораи талафоти ҷонӣ иттило дода намешавад.

Ҳамчунин ин хушксолӣ боис шуд, ки филҳо аз бешаҳо дар ҷустуҷӯи об ба деҳоти соҳили рӯдхонаҳо баромаданд ва дар баъзе мавридҳо ин хатар ба ҷони одамон ҳам доштааст.