Гармоиши башиддати уқёнусҳо донишмандонро нигарон кардааст ва онҳо ба ин назаранд, ки ин раванд метавонад ба гармшавии иқлим бештар муосидат кунад.
Моҳи апрели соли равон оби уёнусҳо ба ҳадде гарм шуд, ки дар гузашта, аз замони мушоҳидаҳо ба ин ҳад гарм нашуда буд. Олимон ҳоло намедонанд, чаро ин ҳолат пеш омадааст, вале аз он гигаронанд, ки ин метавонад охири соли оянда гармои заминро ба ҳадди рекордӣ расонад.
Ба андешаи мутахассисон моҳҳои оянда калавиши дамо дар қисмати экватории Уқёнуси Ором метавонад ба иқлим таъсир расонад.
Маълум аст, ки гарм шудани оби уқёнусҳо барои ҷонварони баҳрӣ ҳалокатовар аст ва ин то ҳадде ба болоравсии сатҳи об дар уқёнусҳои ҷаҳонӣ шуда метавонад. Гармоиш метавонад ба қобилияти уқёнусҳо барои фурӯ бурдани газҳои гулхонаии кушандаи сайёра таъсири манфӣ расонад.
Натиҷаи таҳқиқоти наве, ки охири моҳи апрели соли равон интишор ёфт, ин ҳолатро бештар равшан мекунад. Дар ин ҳисобот гуфта мешавад, ки зарфи 15 соли охир сайёраи мо назар ба 15 соли пеш 50% бештар гармӣ захира кардааст ва қисмати бештари ин гармӣ дар уқёнуси олам аст. Паёмадҳои ин зуҳурот барои бисёр минтақаҳои дунё на ин ки ҳисшаванда буд, балки то ҳадде бузургу пуртаъсир буд.
Чунончӣ, моҳи март ҳарорати қисмати болоии об дар наздикии соҳилҳои Амрикои Шимолӣ 13,8 дараҷа болотар аз ҳарорати солҳои 1981-2011 буд.
"Дар айни замон дақиқ карда нашудааст, ки чаро ин гуна тағйироти бузург мушоҳида мешавад, - мегӯяд муаллифи таҳқиқот, уқёнусшиноси ташкилоти Mercator Ocean International Карина фон Шукман. – Зарфи 15 соли охир гармиро дар системаи иқлими худ ду баробар афзоиш додем. Ман ҳоло гуфта наметавонам, ки ин тағйири иқлим аст ё тағйироти табиӣ ва ё ҳосили ин ду омил. Мо алҳол дақиқ инро намедонем, вале тағйирот ошкор аст”.
Яке аз омилҳои таъсиррасон ба гармоиши уқёнусҳо метавонад коҳиши олудагиҳо аз киштиронӣ бошад. Ин даъво то ҷое шигифтангез ҳам ҳаст. Соли 2020 Созмони ҷаҳонии баҳрӣ барои дар икштиҳо нигоҳ доштани сӯзишворӣ бо омехтаҳои сулфур маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд. Таъсири ин тадбир эҳсосшаванда буд: ҳаҷми ҳиссаҳои аэрозолӣ, ки аз лулаҳои киштиҳо ба фазо партоб мешуд, ба шиддат коҳиш ёфт.
Дар айни замон, чуноне пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ҳарорати миёни оби уқёнусҳои олам аз оғози инқилоби саноатӣ 0,9 дараҷа афзоиш ёфтааст. Таҳо зарфи 40 соли охир оби уқёнусҳои олам 0,6 дараҷа гарм шудааст.
Ин назар ба афзоиши дамои ҳаво дар хушкӣ боз ҳам дар қиёс ба ба ҳамон оғози инқилоби саноатӣ бештар аз якуним дараҷа камтар аст. Ин ба он вобаста аст, ки барои гарм шудани об қувваи бештари гармӣ лозим аст.
Аммо ҳамин гармшавии дар назари аввал заиф ҳам паёмадҳои мушоҳидашаванда хоҳад дошт. Аз ҷумла:
- Ҳалокати намудҳо: болоравии башиддати ҳарорати об дар баҳру уқёнусҳо метавонад сабабгори маргумири олами ҳайвонот ва набототи уқёнусҳо шавад ва инро бештар дар мисоли обсангҳои марҷонӣ метавон дид.
- Обу ҳавои ғайриодӣ: болоравии ҳарорат дар сатҳи болоии оби уқёнусҳо боиси афзоиши тӯфонҳо ва сиклонҳо мешавад, ки онҳо метавонанд ба муддати дурудароз арзи вуҷуд кунанд ва харобиҳои бештар оранд.
- Болоравии ҳарорати оби уқёнусҳои олам: оби гарм дар қиёс ба оби сард ҷойи бештар ишғол мекунад. Ин метавонад боиси башиддаттар об шудани яхи Гренландия ва Антарктида шавад. Оби зиёд табиист, ки боиси обхезиҳо мешавад ва хатари зери об мондани соҳилҳои обод зиёд мегардад.
- Коҳиши иқтидори фурӯ бурдани газҳои карбон: ҳоло уқёнусҳои олам чор ҳиссаи газҳои гулхонаии ба фазо партобшударо меҷаббанд. Аммо гарм шудани сатҳи болоии оби уқёнусҳо монеъи ин мешавад ва табиист, ки миқдори бештари газҳои гулхонаӣ дар фазо мемонанд ва боиси ифлосии муҳити зист мешаванд.
Манбаъ: ВВС
Таҳияи Б.Шафеъ