Activities calendar

18 июли 2025

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили Сир ва Баҳри Тоҷик

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар дод, ки рӯзҳои 16 -18 июли соли 2025 бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар назди кӯлу дарёҳо ва иншооти обӣ дар соҳили дарёи Сир ва Баҳри Тоҷик бо истироҳаткунандагон оид ба қоидаҳои рафтор дар махзанҳои об, танҳо нагузоштани фарзандони хурдсол дар назди кӯлу дарёҳо корҳои таблиғотию ташвиқотӣ  гузаронд.

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ин корро дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,