Activities calendar

30 июли 2025

Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 31-уми июл то 1-уми августи соли равон дар навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии  вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Кумита дар робита ба ин  ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаву каналҳо, обанборҳо худдорӣ кунанд ва ё