Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 31-уми июл то 1-уми августи соли равон дар навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии  вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Кумита дар робита ба ин  ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаву каналҳо, обанборҳо худдорӣ кунанд ва ё агар мераванд, пас эҳтиёт намоянд.

Сайёҳон хати ҳаракати худро ба самти навоҳии кӯҳӣ бо дар назар гирифтани ахбори расида аз КҲФ тартиб диҳанд. 

Инчунин, Кумита аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, ҳангоми ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор эҳтиёткор бошанд.

КҲФ ба сокинони манотиқи кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ муроҷиат карда, ба онҳо тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои наздики обанборҳо эҳтиёткор бошанд.

Илова бар ин, Кумита барои пешгирии окибатҳои сел аз аҳолӣ даъват менамояд, ки сари вақт селроҳаҳо, ҷӯйборҳо ва каналҳоро тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба маҷрои худ ҷорӣ шавад. 

 

барчасп: