Ғаввосон ҷасади як сокини 28-солаи Узбекистонро, ки дар обанбори Норак ғарқ шуда буд, пайдо карданд
Чоп шуд: 21/08/2024 | admin20 августи соли 2024 кормандони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯву наҷот ва ғаввосони Хадамоти ҷумҳуриявии наҷоти кӯҳии Кумита дар шаҳри Норак пас аз 4 рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади шаҳрванди ғарқшудаи Ҷумҳурии Узбекистонро пайдо ва аз қаъри об берун оварданд.
17 августи соли 2024 як сокини 28-солаи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми оббозӣ дар обанбори Норак ғарқ шуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ фаврӣ оғоз ёфтанд. 20 августи соли 2024, соати 14:20 ҷасади ӯро аз об пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.