20 августи соли 2024 кормандони Раёсати хадамоти махсуси ҷустуҷӯву наҷот ва ғаввосони Хадамоти ҷумҳуриявии наҷоти кӯҳии Кумита дар шаҳри Норак пас аз 4 рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади шаҳрванди ғарқшудаи Ҷумҳурии Узбекистонро пайдо ва аз қаъри об берун оварданд.
17 августи соли 2024 як сокини 28-солаи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми оббозӣ дар обанбори Норак ғарқ шуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ фаврӣ оғоз ёфтанд. 20 августи соли 2024, соати 14:20 ҷасади ӯро аз об пайдо карданд ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи таслият ба хонаводаи шахси ғарқшуда ба кулли сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми будубош дар соҳили обҳо ва оббозиву шиноварӣ ҷиддан ҷоидаҳои бехатариро риоя кунанд.