КҲФ: Хатари селҳо бар асари об шудани пиряхҳо то 15 август боқӣ мемонад
Чоп шуд: 12/08/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 13-15 августи соли 2024 дар ҳудуди як қатор ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ҳамчунин ғарби ВМКБ аз сабаби болоравии дамои ҳаво хатари омадани селҳо бар асри об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.