КҲФ: Хатари селҳо бар асари об шудани пиряхҳо то 15 август боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 13-15 августи соли 2024 дар ҳудуди як қатор ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ҳамчунин ғарби ВМКБ аз сабаби болоравии дамои ҳаво хатари омадани селҳо бар асри об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Ғайр аз ин дар пасманзараи болоравии ҳарорат эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, резиши санг аз кӯҳу теппаҳо ва ярч вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили рӯдхонаҳо ва ё ҳангоми кӯҳгардӣ эҳтиёткор бошанд.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад аз қабл ҷӯю каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна селовардаҳову бодовардаҳо тоза кунанд, то дар сурати омадани оби зиёд маҷрои он дигар нашавад.

барчасп: