Activities calendar

16 августа 2024

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои пургарду ғубор ва хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон шабонарӯзи оянда дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатар  омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч  вуҷуд дорад.