Ҳалокати ду нафар дар обҳои кишвар дар шабонарӯзи гузашта
Чоп шуд: 14/08/2024 | admin
Шабонарӯзи гузашта ду ҳодисаи фоҷеавӣ дар обҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳарду ҳҳолат одамон ҷони худро аз даст додаанд.
Чунончӣ, 13 августи соли 2024 як сокини 15-солаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъи дарёи Сир аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шуд ва ҷон бохт.