Шабонарӯзи гузашта ду ҳодисаи фоҷеавӣ дар обҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст, ки дар ҳарду ҳҳолат одамон ҷони худро аз даст додаанд.
Чунончӣ, 13 августи соли 2024 як сокини 15-солаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъи дарёи Сир аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шуд ва ҷон бохт.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолаттҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баъди дарёти хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ҷасади ноболиғро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Ҳодисаи дуюм дар ҷануби кишвар рух дод. Як сокини 34-солаи деҳаи Чашмасори ноҳияи Ҷомӣ ҳангоми оббозӣ дар рӯди Вахш ғарқ шуд. Корҳои ҷустуҷӯи ҷасад то фаро расидани торикӣ дар рӯзи 13-уми август идома дошт, аммо бенатиҷа наҷом ёфт.
Аз субҳи имрӯз, 14-уми август ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда аз сар гирифта шуд,
Аксари ҳодисаҳои ғарқ шудан дар обҳо ба сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ рух медиҳанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо бо овардани як силсила қоидаҳои бехтараӣ аз шаҳрвандон риояи онро барои таъмини амнияту бехаарии онҳо хостааст.
Ин қоидаҳоро муфассал аз ин ҷо метавонед бихонед: