Чӣ бояд кард ҳам оббозӣ кунем ва ҳам ғарқ нашавем? Қоидаҳои бехатарӣ дар мавсими оббозӣ. Бахши 1

Бо фарорасии мавсими гармии ҳаво оббозӣ ба яке аз шуғлҳои асосии аҳолӣ, махсусан наврасон ва ҷавонон табдил меёбад. Аммо донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад аз оқибатҳои ногувори онҳо ҷилавгирӣ намояд. Чуноне муқаррар шудааст, оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт. Чуноне қоидаҳо муқаррар менамоянд, аввалин бор бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа гарм  ва ҳарорати об 17-19 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст. Вақти хубтар барои шино дар давоми шабонарўз соати 8-10-и саҳар ва 17-19-и бегоҳ, на барвақттар аз якуним соат пас аз истеъмоли ғизо мебошад.

  • Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нушидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси марг гардад!!!
  • Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд дам гирифт. Шиновари хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.
  • Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд нияти оббозӣ кард.
  • Аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур наравед.
  • Ба об оҳиста дохил шавед, дар ҳолате, ки об то миён расид, истед ва зуд ғӯта занед. Агар ба қувваи худ боварӣ надошта бошед, танҳо шиноварӣ накунед.
  • Дар дарёчаҳо, кўлҳо ва наҳрҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархурди сар ба сангҳо ва дигар ашёҳои қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан ва азҳушравӣ ва фавт шуда метавонанд.
  • Ба қаиқҳо наздик шудан мумкин нест.
  • Ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад.
  • Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест.
  • Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонидашуда оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.
  • Дар лагерҳои тобистонаи мактабӣ бояд ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда барои омўзонидани бачаҳои синни то 9 сола набояд аз аз 0,7 м ва барои синни 9-11 сола на зиёда аз 1,2 м жарф (чуқур) бошад. 
  • Дар ҷойҳои оббозӣ бояд дар чуқурии 1,2-1,3 м ченчубҳо гузошта шаванд.
  • Сарҳадҳои мавзеи оббозӣ бояд бо пойобнамои (пойобнамо- нишони лангардор, ки чойҳои пастоби дарьё, ҷои андохта шудани тӯри моҳӣ ва ғайраро нишон медиҳад) ранги зарди норинҷӣ ишора шуда бошанд.
  • Масъулияти ташкили шароитҳои зарурии мувофиқ ба талаботҳои муқарраргардида ба зиммаи соҳибмулкон ва роҳбарони фароғатсоҳилҳо ва муассисаҳои истироҳатии дорои объектҳои шиноварӣ вогузор карда мешавад.          
барчасп: