Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо дар баъзе манотиқи кишвар
Чоп шуд: 01/08/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 2 то 5 августи соли 2024 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон об шудани пиряхҳо бар асари гармои шадид метавонад муҷиби омадани селҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ шавад.