Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо дар баъзе манотиқи кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 2 то 5 августи соли 2024 бинобар баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад.

Ҳамзамон об шудани пиряхҳо бар асари гармои шадид метавонад муҷиби омадани селҳо дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ шавад. 

Дар ҳамин иртибот Кумита ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки эҳтиёт кунанд. 

Барои пешгирӣ оқибатҳои сел ҷӯву заҳбуру каналҳои назди хонаҳои худро сари вақт аз ҳар гуна бодовардаҳо тоза кунанд. Дар ин рӯзҳо набояд ба ғунучини ҳезум, шикор ва моҳидорӣ рафт.

КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони туризми кӯҳӣ, авто-мото ва велосипедронӣ хотиррасон мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, инчунин фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кунанд.

барчасп: