Мулоқоти генерал Назарзода бо Иван Салеев

Охири ҳафтаи гузашта Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо роҳбари нави Дафтари Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR)  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Иван Салеев мулоқот кард.

Дар оғози мулоқот роҳбари Кумита аз сатҳи мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба бо сохтори дахлдори СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба аҳамияти истифодаи васеи имкониятҳои ҳамкорӣ дар оянда таъкид намуд.

Раиси КҲФ ба ҷаноби Салеев дар бораи офатҳои табиии дар кишвар рухдода, корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати рафъи оқибатҳои онҳо ва кумакҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ба аҳолии зарардида расонидашуда маълумот дод.

Зимни суҳбат доир ба оғози корҳои таъмиру азнавсозии биноҳои воқеъ дар ҳудуди Хадамоти зидди жола, воқеъ дар ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон маълумот дода шуд. Раиси КҲФ қайд кард, ки маркази бунёдшаванда барои ҷойгиркунии муваққатии қурбониёни офатҳои табиӣ ва гузаронидани машқҳо истифода мешавад.

Ҳамчунин, масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак, вокуниш ба офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ баррасӣ шуданд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкориҳои КҲФ ва Комиссариёи олии СММ дар умури паноҳандагон имкон медиҳанд, ки дар оянда ба таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ муқовимати босамар карда шавад.

барчасп: