Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 22-23 августи соли 2024 дар дар як катор ноҳияҳои кӯҳи ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳо эҳтимол дорад.
Ғайр аз ин дар пасманзараи болоравии ҳарорат эҳтимоли баланд шудани сатҳи оби рӯдхонаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ, резиши санг аз кӯҳу туппаҳо ва ярч вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба аҳолӣ муроҷиат мекнуад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили рӯдхонаҳо ва ё ҳангоми кӯҳгардӣ эҳтиёткор бошанд.
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад аз қабл ҷӯву каналҳои назди хонаҳои худро аз ҳар гуна селовардаҳову бодовардаҳо тоза кунанд, то дар сурати омадани оби зиёд маҷрои он дигар нашавад.