Дар робита ба таҷлили 29-умин солгарди таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони дигар сохторҳои наҷоти кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ходимони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ табрикоти самимӣ ворид мешавад.
Дар паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои КҲФ дар тӯли солҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин таҳкими пайвастаи нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки фаъолона дар машқҳои муштарак ва фароҳам овардани шароитҳои байналмилалӣ ва ёрии минтақавӣ зикр шудааст.
Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус В.И. Синявский дар барқияи табрикотии худ менависад:
«Муҳтарам Рустам Урмон,
Аз номи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус ва шахсан аз номи худам Шумо ва ҳамкорони шуморо бо иди касбиашон – Рӯзи таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик мекунам.
Садоқат ба вазифа ва ҷасорати наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ҳамеша ба ҳадафҳои наҷиб ва инсонпарварона хидмат намуда, дар байни шаҳрвандони кишвари шумо эҳсоси амиқи ифтихору сипос, эҳтиром ва эътимоди ҳамкасбони хориҷиро ба вуҷуд меорад.
Аз самими қалб ба Шумо саломатии бардавом, муваффақият ва комёбиҳои баланд дар тамоми самтҳои фаъолияти касбӣ орзумандам».
Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон С.Шарипханов дар барқияи табрикотии худ навиштааст:
«Муҳтарам Рустам Урмон,
Шумо ва кормандони Шуморо аз номи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва шахсан аз номи худам ба муносибати Рӯзи кормандони ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.
Ба шумо ва ба кулли ҳамкорони тоҷикамон саломатӣ, неру, суботи ҳамешагӣ, сабр дар мушкилот ва матонату комёбиҳо таманно дорем.
Бо истифода аз фурсат, изҳори итминон дорам, ки ҳамкории минбаъдаи судманд байни идораҳои мо таҳким хоҳад ёфт”.
Дар паёми табрикотии Вазорати Федератсияи Русия оид ба корҳои мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода ва рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ А.В.Куренков гуфта шудааст:
«Муҳтарам Рустам Урмон,
Дар солҳои мавҷудияти Кумита кормандони он худро ҳамчун мутахассисони баландихтисос нишон доданд, ки ҳар рӯз вазифаи касбии худро бошарафона иҷро мекунанд.
Дар ин санаи фархунда мо бори дигар ин фурсатро дорем, ки шуҷоат ва делерии касонеро, ки ҳифзи ҷон ва саломатии дигар мардумро пешаи худ интихоб кардаанд, таҷлил кунем, то кори фидокоронаи онҳоро ба нафъи мардум ва ватан рвона созем. Ман боварӣ дорам, ки бомуваффақият иҷро намудани супоришҳо дар чунин кори душвор аксар вақт ба муттаҳидии гурӯҳи наҷотдиҳандагон, омодагии онҳо ба ёрӣ расондан ба дигарон дар лаҳзаҳои душвор вобаста аст».
Қабули барқияву паёмҳои табрикотӣ ба унвони роҳбарияти Кумита ба муносибати 29-умин солгарди таъсиси Кумита идома дорад.