Дирӯз ҳам сел омаду омад...
Чоп шуд: 29/08/2023 | redaktor28 августи соли 2023, тахминан соати 01:10 бар асари боришоти зиёд дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш сел омад, ки дар натиҷа километрҳои 94 ва 96 дар наздикии мавзеъи Қумоқ, километрҳои 113 ва 115-ум, ки аз ҳудуди мавзеъи Ҳамаланго мегузарад ва километри 140, ки аз наздикии Сари Қоши ноҳияи Нуробод убур мекунад, зери об монд ва ҳаракати нақлиёт барои як муддат боздошта шуд.