Гурӯҳи корӣ дар маҳалҳои офатрасидаи шаҳру ноҳияҳо

28 августи соли 2023 бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ таҳти сарвари муовини Сарвазири кишвар, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва намояндагони дигар идовараву вазоратҳо Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва ин гурӯҳ аз маҳалҳои офатзадаи ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ дидан намуд.

Ғайр аз ин Комиссияи мақомоти ҳоимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ҳамроҳ бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани кумакҳои фаврӣ ба сокинони зарардида ва муайян намудани ҳаҷми зарари расида, манзилҳои осебдидаро якояк аз назар мегузаронанд. 

барчасп: