Ҳушдори КҲФ аз селҳои эҳтимолии рӯзҳои 8-9 августи соли равон
Чоп шуд: 07/08/2023 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти обуҳавосанҷон рӯзҳои 8-9 августи соли 2023 дар қаламрави як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.