Садамаи маргбор дар Кӯлоб. 9 нафар ба ҳалокат расиданд, 14 тан ҷароҳат бардоштанд. Маълумоти расмӣ (ВИДЕО)

6 августи соли 2023 соатив 19:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ мошини боркаши “Дулан”, ки аз ҷониби як сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ аз ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳангоми гузаштан аз шаҳри Кӯлоб аз сабаби аз кор мондани тормозҳо натавонист мошинро идора кунад ва ин боиси садамаи мудҳиши нақлиётӣ шуд.

Ин мошини боркаш бо суръат ва бо шиддат ба мошинҳои дигари сари роҳ ва ба хонаҳои сари роҳ бархӯрд. Дар натиҷаи ин садама ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Ҳамчунин 9 нафар шаҳрвандон низ ҷони худро аз даст доданд ва 14 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаҳо бистарӣ карда шуданд.

Дар ин садама 7 воситаи нақлиёти сари роҳ ва 3 хонаи сокинон ҷиддан зарар диданд.

Ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди таҳқиқ қарор гирифт. 

Барои бартараф намудани паёмадҳои садамаи мудҳиш ба таври таъҷилӣ наҷотдиҳандагони Шуъбаи байниноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ноҳияҳои Кӯлоб сафарбар карда шуд.

Имдодгарони КҲФ бо истифода аз воситаҳои техникии махсус аз мошинҳои осебдидаву хонаҳои харобшуда ҷасади ҳалокшудагонро берун оварданд ва ҷароҳатбардоштагонро ба беморхонаҳои шаҳр интиқол доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикон ҳалокшудагон изҳори таслият мекунад ва ҳамзамон аз ронандагон хоҳиш мекунад қабл аз сафар мошинҳои худро аз нигоҳи техникӣ санҷанд. Қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд.

Боло бурдани суръати ҳаракат ҳамеша фоҷеҳо ба дунбол дорад!

барчасп: