Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда (ВИДЕО)
Чоп шуд: 04/08/2023 | redaktorЗарфи шаш моҳи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 475 (соли 2022 – 607) ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. 36 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расонд. Ба асари офатҳои табиӣ 30 нафар шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд. Аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ 470 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра, 73 қисман, 369 иншооти ёрирасон), 4 бинои мактаби таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ, 6 пул, 2916,1 гектар замини кишт ва 404 км роҳи мошингард зарар дид.