3 августи соли 2023 ҳамнгоми навбатдорӣ дар соҳили обанбори “Баҳри тоҷик” дар ҳудуди ноҳияи Гулистон имдодагарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд мушоҳида карданд, ки писарбачае дар об ғарқ мешавад. Нозир аз баландӣ чун ин ҳолатро бо дурбин дид, фавран ба гурӯҳи навбатдор фармон дод, ки ба кумак шитобанд.
Наҷотдиҳандагон басо фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд, ҳама чораҳои наҷотро андешиданд ва писрабачаро ба соҳил оварданд. Ба вай кумаки тиббӣ расонданд. Ба шарофати амали фаврӣ онҳо муваффақ шуданд, ки ҷони як нафарро аз марг наҷот диҳанд.
Маълум гардид, ки писарбача 12 сол дошта, сокини шаҳи Гулистони вилояти Суғд будааст ва сабаби дар об ғарқ шуданаш он буд, ки дур аз дигарон дар ҷойи мамнуъ шиноварӣ мекард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд. Ба танҳоӣ дар ҷойҳои мамнуъ ҳаргиз оббозӣ накунанд, ки ин хатаре дар пай дорад.
Кумита бори дигар ба волидон муроҷиат мекунад, ки фарзандонашонро назорат намоянд ва нагузоранд, ки бачаҳои ноболиғ танҳо ба соҳили обҳо раванд.
Гуфтанист, ки наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба корҳо барои пешгирӣ аз ҳалокати одамон дар об бо ёрии ҳар гуна чорабиниҳои таблиғотӣ идома медиҳанд ва ҳамзамон навбатдории шабонарӯзиро ҳам дар тафреҳгоҳҳои соҳилҳо ташкил кардаанд.