КҲФ: Хатари омадани селҳо дар баъзе манотиқи кишвар боқӣ мемонад
Чоп шуд: 26/08/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 26-27-уми августи соли равон дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ҳудуди ноҳияҳои ғарбии ВМКБ боридани боронҳои шадид ва хатари омадани селҳо вуҷуд дорад.